БА ҚАҲРАМОНИ АСАРҲОИ ХУД МОНАНД БУД

Дар китоби дарсиамон (китоби хониш) баъди «Мактаби куҳна»-и Садриддин Айнӣ «Мактаби нав»-и Сотим Улуғзода (порча аз повести «Субҳи ҷавонии мо») ҷой гирифта буд.

Дар нимаи дувуми солҳои ҳафтод иттифоқ афтод дар чорабинии оилавии хеши наздики нависанда Ҷамолхон Мурватов, ки дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст баргузор гардид, иштирок намоем. Ҷамолхонака моро ба зиёрати ёдгориҳои таърихие бурд, ки дар «Субҳи ҷавонии мо» тасвир ёфтаанд.

Шоир ва мунаққиди номвар Аскар Ҳаким мегӯяд, Сотим Улуғзода чун шахс, чун инсон ва чун фард ба қаҳрамони асарҳои худ монанд буданд. Ва илова менамояд «он қаҳрамонҳо дурахшонтарин чеҳраҳои замони худ ба шумор мерафтанд».

Оре, Сотим Улуғзода асосан дар бораи шахсҳои воқеӣ ва шахсиятҳои барҷаста асарҳо навишта, корномаи чеҳраҳои намоёни миллатро ба тасвир кашидааст (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Восеъ ва ғайраҳо). Вай хост дар бораи тоҷикписари афсонавӣ Тешабой Одилов низ чизе бинависад. Бо ин мақсад соли 1975 ба зодгоҳи қаҳрамон – деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх сафар намуд. Чанд рӯз дар меҳмонии Тешабобо монд. Ду инсони барҷаста ба чанде аз гӯшаҳои воҳа сафар карданд. Вохӯрӣ бо онҳо хусусан барои мардуми одии Сӯхзамин басо мароқангез ва фаромӯшнопазир буд. Баъди бозгашт ба Душанбе мақолаи калонҳаҷм бо унвони «Сатри заррин дар достони ҷовидонӣ» иншо намуд, ки он дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расид.

Воқеан, вақте синфи даҳ мехондем, аз барномаи таълимӣ омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Сотим Улуғзодаро бардошта буданд. Шунидем, ки бинобар кирдукори писараш Азиз, ки аллакай дар Англия мезист, нависанда таҳти таъқиби мақомоти давр қарор гирифта.

Баъдтар дар бораи «баногоҳ гум шуда мондани Азиз Улуғзода» дар Деҳлӣ ба ман мутарҷими ӯзбек Амир Файзулло, ки шоҳиди бевоситаи он ҳодисаи ногувор будааст, нақл намуд. Баъди анҷоми чорабинии чандрӯза бо иштироки ҷавонони шӯравӣ дар Ҳиндустон (соли 1967) ба аэропорт омада, дар самолёт ба ҷойҳои худ нишастаанд.

Ҳама нигарони парвоз, вале... самолёт ҳаракат намекард, интизории мо хеле тӯл кашид, гуфта буд Амир Файзулло, хидматгузорон изтиробзада ин сӯ-он сӯ қадам мезаданд, стюардесса вақте даҳон кушод, ки яке аз ҳамроҳони шумо бедарак аст, ҳама ба маънии «кӣ бошад?» ба якдигар нигаристем, ниҳоят, самолёт баъди таъхири дурудароз ба парвоз омода шуд, танҳо баъди бозгашт ба шӯравӣ кӣ будани он шахси «гумшуда» маълум гашт, Азиз Улуғзода будааст, ки он бо сабабҳои номаълум ба ватан бозгаштан нахоста, аз сафорати Англия дар Ҳиндустон паноҳгоҳи сиёсӣ ҷустааст.

Азиз Улуғзода он вақт котиби комсомоли Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буд. Чанд забонро медонист. Оиди чаро банохост тарки ватан кардан, ба ташвишу изтиробҳои сахти падар боис шудани ӯ фикрҳо мухталифанд.

Ба Улуғзода маслиҳат доданд (балки аз ӯ талаб карданд), ки писари худро оқ кунад. Бо ҳама вазнинии ҳол падари хунинҷигар ба оқ кардани ҷигарбанди гумроҳи худ ҷуръат накард.

Азиз дар Лондон ба чӣ машғул шуд ва чӣ тавр ҳаёт гузаронд? Дар бораи падари худ ва ташвишҳои ногуфти ӯ меандешид ё не?

Дар ин бора аз хотираҳои рӯзноманигор (марҳум) Мақсуд Ҳусейнов, ки дар Англия бо Азиз вохӯрда будааст, маълумот пайдо кардан мумкин.

Сотим Улуғзодаву ҳамсараш Клавдия Александровна боз як фарзанд доштанд – Нора (нависанда қиссаи машҳури худ «Субҳи ҷавонии мо»-ро ба фарзандонаш Нораву Азиз бахшидааст). Нора (Элеанора) ба эроншинос, муҳаққиқи забонҳои яғнобиву болооби Зарафшон Алберт Хромов ба шавҳар баромадааст.

Алберт умри дароз надид. Ба камол расондани фарзандон Леонид ва Комила асосан ба зиммаи Нора афтод. Дар ибтидои солҳои навадум писараш ба Сочи кӯч баст, духтару домодаш дар шаҳрҳои гуногун зиндагӣ ихтиёр карданд, худаш дар Маскав зист.

Сотим Улуғзода баъди вафоти Клавдия бо Любов Андреевна (хеши ҳамсараш) хонадор шуда буд. Писардор шуданд ва Зариф ном ниҳоданд.

Охирин солҳои ҳаёти Улуғзодаву ҳамсараш дар Маскав чӣ тавр ба сахтиҳо гузашт, ба аксарият маълум. Нависандаи беморро дар баробари Любов Андреевна духтараш Элеанора аз таҳти дил нигоҳубин мекард. 25 июни соли 1997, вақте Улуғзода вафот кард, Элеанора зуд ба Азиз хабар дод. Ҳатто таъҷилӣ ба Лондон рафт, то ҳамроҳ қиблагоҳро ба роҳи вопасин гуселонанд. Барои иҷрои ин кор (ин қарз) дар он шароити басо мураккаб Азиз ҷуръат нанамуд.

Ҷасади Улуғзодаро ба Душанбе оварданд, дар Лучоб ба хок супурданд.

Мегӯянд нависандаи бузург дар ғурбат ватанро ёд мекард, кӯдакиаш, падару модар ва рӯзҳои сахти ятимиашро зуд-зуд ба хотир меовард ва бесадо ашк мерехт.

Моҳи майи соли 1995 вохӯрии таърихии ӯву роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар манзилаш воқеъ дар Нагатинскоеи Маскав ба вуқуъ пайваст. Нависандаро, ки ба як ҳол мехобид, роҳбари давлат ба бар кашид. Бемор ба ҳаяҷон омад ва бо имо хоҳиш кард ба нимхез шуданаш кумак кунанд. Чанд вақт боз аз забон монда буд, вале аз лутфу меҳрубонии сарвари мамлакат мисле қуфли даҳонаш кушода шуд. Дар вазъе нимтабассум дар гунааш мавҷ мезад, бо овози ларзон ва хаста «Ватан, ватан» гуфтани ӯ бараъло шунида мешуд.

Любов Андреевна ва Элеанораю Зариф бо нигоҳи саршор аз сипос ба роҳбари давлати Тоҷикистон менигаристанд.

Баъди сари Улуғзода хонадон ба Подмоскове кӯчид. Любов Андреевна ба ҳаёт падруд гуфт. Зариф ба беморхона афтод, Элеанора ба Сочи, ба назди писараш кӯч баст.

Моҳи апрели соли 2024 духтари ягонаи Улуғзода низ дунёи дурӯғинро тарк кард.

Модари Нора – Клавдия Александровна (1909-1965) зодаи шаҳри Ашқобод буда, солҳое, ки дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Осиёи Миёна (САГУ) таҳсил мекард, ба падараш, ки дар Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд мехонд, шинос шуда буд. Хонадор шуданд. Зиндагии баъдинаашон дар Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Соли 1933 Элеанора ба дунё омад.

Клавдия дар баробари фолклоршинос будан мутарҷимӣ ҳам мекард, ҳамдастии зану шавҳар дар корҳои эҷодӣ ба пешравии ҳарду мусоидат месохт. Клавдия аввалин хонандаи як қатор рисолаҳои илмӣ, ҳамчунин филмномаҳои «Ҷавонии ибни Сино», «Қисмати шоир», повестҳои «Ёрони боҳиммат», «Субҳи ҷавонии мо» ва романи «Навобод»-и соҳиби сараш бошад, романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ», рисолаи «Пири ҳакимони машриқзамин», қиссаи «Ривояти суғдӣ»-и худро Сотим Улуғзода баъди вафоти ӯ ва ба сараш омадани рӯзҳои вазнин, чун шахсе, ки бо азму иродаи матин ва шикастнопазир ба дигарон намуна мебошад, эҷод кардааст.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: