«90 рӯзи зарбдор» — намунаи истироҳати самаранок ва тарбиявӣ

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор» бо иштироки педагог ва хонандагон чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ, озмун ва мусобиқаҳо баргузор мегарданд ва иштироки онҳо дар ин тадбирҳо ихтиёрӣ мебошад.

Омӯзгороне, ки дар таътили меҳнатӣ ҳастанду бо хоҳиши худ дар чорабинӣ иштирок мекунанд, бо мукофоти пулии якдафъаина рағбатнок карда мешаванд.   

Дар рӯзҳои гарми тобистон, ки тарбиягирандагону хонандагон аз раванди таҳсил дур мешаванд, барои волидайн ва муассисаҳои таълимӣ муҳим аст, ки истироҳати фарзандон на танҳо бо шодиву фароғат, балки бо тарбияву омӯзиш баргузор гардид. Ҳамин аст, ки бо роҳандозии барномаи давлатӣ таҳти унвони «90 рӯзи зарбдор», дар мактабҳои кишвар, аз ҷумла, ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, чорабиниҳои гуногун дар самти истироҳати созандаи бачаҳо ба таври густурда ташкил мегарданд. Яке аз намунаҳои дурахшони ин ташаббус — фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 8 мебошад, ки бо роҳбарии директори муассиса Муродил Қосимов ва ҷалби омӯзгорони фаъоли худ тавонистааст муҳити мусоиду ҷолиби таълиму тарбияро дар рӯзҳои тобистон низ барои шогирдон муҳайё созад.

Истироҳати тобистона дар назди мактаб бо иштироки шогирдони синфҳои ибтидоӣ ва миёна амал мекунад. Фаъолияти он бо ташаббус ва роҳбарии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Бунёд Шоматов, ҷонишини директор оид ба таълим Рустам Ҷӯраев ва дигарон ба сатҳи нав баромадааст. Ин мураббиёни ботаҷриба баробари меҳру муҳаббати беандоза ба хонандагон фазои дӯстонаву эътимодбахшро низ фароҳам овардаанд.

Мувофиқи лоиҳа, шогирдон дар самтҳои гуногун — аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ, компутер, технологияи иттилоотӣ то шоҳмот, китобхонӣ, бозиҳои миллӣ ва варзишӣ машғул мешаванд. Барномаҳо ба тавре тарҳрезӣ шудаанд, ки ҳар як тарбиягиранда дар асоси завқ ва истеъдоди худ соҳаи муносибро интихоб кунад.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Бо дарки ҳамин муҳимият, омӯзгори забони англисӣ Фурқатҷон Маҳмудов маҳфили махсуси омӯзиши забони англисиро роҳандозӣ намудааст. Шогирдон бо усулҳои муосири таълим, аз ҷумла суҳбатҳои мавзӯӣ, бозиҳои забонӣ ва тамринҳои амалӣ забони англисиро меомӯзанд.

Саҳми роҳбарони маҳалла ва сохторҳои иҷтимоӣ дар муваффақияти ин чорабиниҳо қобили таҳсин аст. Умедҷон Қосимов – раиси ҷавонони маҳалла, бо ташаббусҳои пайвастааш аз ташкили бозиҳои варзишӣ то баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ дар ҳудуди маҳалла ва мактаб — ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дӯстиву ҳамбастагии ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, директори маркази солимгардонии бачагонаи ноҳияи Сӯх Таваккал Эркаев бо ҷалби шогирдони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳати табобатӣ имконият фароҳам меорад, ки тарбиягирандагон на танҳо фароғат кунанд, балки саломатии худро низ барқарор созанд.

Таҷрибаи мактаби миёнаи рақами 8 нишон медиҳад, ки истироҳати тобистона метавонад бо барномаи «90 рӯзи зарбдор» ба як мактаби зинда табдил ёбад — мактабе, ки дар он дӯстӣ, дониш, масъулият, муҳити солим ва арзишҳои миллӣ бо ҳам меомезанд.

Муъминҷон Додомаҳматов,

омӯзгори забони давлатии мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: