Иттифоқи касаба – муҳофизи манфиатҳои иҷтимоӣ

Федератсияи иттифоқи касаба ягона ташкилотест, ки аз замони собиқ иттиҳоди шӯравӣ то ҳол арзи вуҷуд дошта, манфиатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии меҳнаткашонро ҳимоят карда, барои баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии онҳо талош меварзад.

Анҷумани навбатии Шӯрои вилоятии федератсияи иттифоқи касаба, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, ба ҳисоботи панҷсолаи он бахшида шуд.
Раиси Шӯрои вилоятии иттифоқи касаба Сӯҳроб Рафиқов дар маърӯзаи хеш таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ қариб ду ҳазор муроҷиати шахсони ҷисмонӣ баррасӣ шудааст. Аз рӯи 924 шикоят бошад, тафтиш гузаронида, ҳуқуқи 322 нафар шаҳрвандон барқарор ва ба фоидаи онҳо қариб 320 миллион сӯм рӯёнда шуд.
– Иттифоқи касаба ягона такягоҳи бовариноки мардуми меҳнаткаш буд ва хоҳад монд, – гуфт Сӯҳроб Рафиқов.
 
Ифтихор Самадов, 
ҷонишини раиси Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: