Аз муҳоҷират қадаме ба сӯйи соҳибкорӣ

Сокини маҳаллаи «Янги ҳаёт»-и ноҳияи Қизириқи вилояти Сурхондарё Ҷамшед Чориев муддате дар хориҷ меҳнат карда, баъди чанд сол ба Ватан баргашту фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуд.

 Нахуст чорво парвариш кард. Баъдан, бо тавсияи ёрдамчии ҳоким дар маҳалла, кредити имтиёзнок гирифта, гармхона сохт. Ҳоло аз ин гармхона даромади хуб ба даст меорад.
– Ғайр аз ин, анорзор ташкил намуда, корҳои деҳқониро низ густариш додем, – мегӯяд Ҷамшед. – Вақте инсон мувофиқи заҳмати худ даромад ба даст меорад ва эҳсос мекунад, ки ӯро дастгирӣ мекунанд, аз ҷониби давлат барои фаъолияташ имкониятҳои васеъ фароҳам менамоянд, бо завқу неруи дучанд ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, аз Ватан дур набудан, дар канори аҳли хонадон ва пайвандон умр ба сар бурдан бахти бузург аст.
Дар сурат: Ҷ.Чориев.
Аксбардор Ҷонибек ҚӮЗИМУРОДОВ. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: