Бо супориши сарвари давлатамон аз моҳи феврали соли равон сохтмони роҳи оҳане, ки шаҳри Самарқандро бо ноҳияи Ургут мепайвандад, оғоз гардида, ҳоло бунёди он бо суръат идома дорад.
Маълум аст, ки ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гардид, ки бисёр роҳҳо ба ин минтақа мепайвандад.
Бо супориши сарвари давлатамон аз моҳи феврали соли равон сохтмони роҳи оҳане, ки шаҳри Самарқандро бо ноҳияи Ургут мепайвандад, оғоз гардида, ҳоло бунёди он бо суръат идома дорад.
Дарозии шабакаи нав 55 километр буда, аз рӯи лоиҳаи замонавӣ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тоштемирйӯллойиҳа» бо корҳои сохтмон машғул аст. Аз рӯи нақша сохтмони ду истгоҳи роҳи оҳан оғоз ёфт, ки яке дар шаҳри Ургут ва дигаре дар минтақаи гузаргоҳи Ҷартеппа, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, идома дорад. Бояд таъкид намуд, ки баъди бунёди роҳи оҳан имкониятҳои зарурӣ барои рушду густариши сайёҳӣ, тиҷорат ва содироти маҳсулоти гуногун пайдо мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо масъулони сохтмони мазкур ва вакилони расонаҳои ахбор бо корҳои бунёди роҳи оҳан шинос шуд. Бинокорон ваъда доданд, ки сохтмони роҳи оҳан то таҷлили рӯзи Истиқлолият ба поён мерасад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.