Навоӣ яке аз вилоятҳои саноатии ҷумҳурӣ мебошад.
Вилоят бо корхонаҳои саноатии Комбинати маъдани кӯҳӣ (истеҳсоли тилло ва металлургия), Навоиуран, Навоиазот, Қизилқумсемент ва дигар корхонаҳояш шӯҳрат пайдо кардааст. Маҳсулоти Навоиуран 100 фоиз ба хориҷ (асосан ба Фаронса) экспорт мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ моҳҳои январ – майи соли 2025 вилоят бо 74 давлати хориҷӣ доду гирифт кардааст, ки ин 678,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Гардиши савдои хориҷӣ нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 29,9 миллион доллари ИМА, ё худ 4,5 фоиз афзудааст.
Дар савдои хориҷии вилояти Навоӣ давлатҳои беруна чунин саҳм доранд: Фаронса – 58,3 фоиз, Русия – 9,2 фоиз, Чин – 8,9 фоиз, Қазоқистон – 3,6, Туркия – 2,5 фоиз.
Вилояти Навоӣ ба хориҷ ба миқдори 505,7 миллион доллари ИМА маҳсулот содир намуда, ба миқдори 172,4 миллион доллари ИМА маҳсулот ворид намудааст.
Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.