23 июни соли равон Суди олии ҷумҳурӣ шаҳрванд Шоира Исроиловаро баъди ҳафт соли баррасии қазия бегуноҳ эълон кард.
Тайи ин муддат вай маҳз аз тарафи роҳбарони масъули Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилояти Фарғона, инчунин бархе аз ходимони масъулиятношиноси идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ мавриди азияту сарсониҳо ва таҳқиру камситоиҳо қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавам, ки баъди як муроҷиати Шоира Исроилова ба таҳририяти «Овози тоҷик» мухбири он ба таҳқиқи ин мавзӯъ партохта, мурофиаҳои зиёди судӣ ширкат намудааст. Мақолаи аввал 9 феврали соли 2021 таҳти унвони «Моли давлатро дигарон ба тороҷ мебаранд!» дар рӯзнома чоп шуд. Он вақт Шоира Исроилова бо қарори додгоҳҳои маъмурӣ ва ҷиноии шаҳри Фарғона бегуноҳ дониста шуда буд. Аммо чунин қарори додгоҳ ба иззати нафси директори генералии ҶС Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилояти Фарғона Дилшод Ҷалилов, муовини вай Эрнест Ибрагимов ва мудири шуъбаи кадрҳо Улуғбек Мирзоев расида, мӯъҷиби он гардидааст, ки ҳафт соли тамом Шоира Исроилова ба азияту сарсониҳо ва кулфату камситоиҳо дучор шавад.
Ш. Исроилова солҳои дароз дар вазифаи мудири шуъбаи маъмурӣ-хоҷагии ин корхона кор кардааст ва байни ҳамкорон ҳамчун зани ҳалолу пок ва дар кори худ ботаҷриба ном баровардааст. Вай ҳамеша молу маводи гуногунро танҳо баъди расмӣ кунонидани ҳуҷҷатҳои он аз анбори корхона иҷозати баровардан додааст. Ҳамин тарзи кори Шоира Исроилова ба ҷойи он ки аз тарафи маъмурияти корхона, хусусан собиқ директори генералӣ ва шахсони масъули дигар сазовори эътироф ва мукофот гардад, маъқул наафтодааст ва онҳо дар пайи аз кор рондани ӯ афтодаанд.
Шоира Исроилова ин ҳолатро чунин тавзеҳ медиҳад:
– Рӯзе маъмурият аз ман тақозо намуд, молу маводи зиёдеро бидуни расмӣ кунонидани ҳуҷҷатҳои он иҷоза диҳам, ки аз ҳудуди корхона ба ҷойи лозима баранд. Арзиши ин мавод маблағи хеле зиёдро ташкил медод ва ба манзури он, ки фардо дар тороҷи амволи давлатӣ маро гунаҳкор нахонанд, аз ин кор сарпечӣ намудам. Ана ҳамин сабаб шуду маро дучори азияту сарсониҳо карданд. Ҳатто роҳбари собиқи корхона Дилшод Ҷалилов маҷбурам намуд, ки «бо хоҳиши худ» аз кор равам ва таҳдид ҳам кард, ки агар ин корро накунам, нисбати ман чораҳои шадидтар дида мешавад.
Ба гуфтаи Ш. Исроилова кор ба ҷое расид, ки ӯро ба корхона тамоман роҳ надоданд. Маҷбур шуд ба додгоҳи маъмурии шаҳри Фарғона муроҷиат кунад ва ин аввалин марҳилаи идораи додгустарӣ буд, ки барои барқарор намудани адолат аризааш қонеъ гардонида шуд.
– Баъди ҳукми додгоҳ аз хазинаи корхона ба ман якуним миллион сӯм зарари моддӣ низ пардохта шуд. Аммо аллакай ба ҷомаи роҳбари корхона ва гумоштаҳои ӯ кайк даромада буд. Онҳо роҳеро меҷустанд, ки бо баҳонае маро тамоман аз ин корхона дур созанд, – мегӯяд Шоира Исроилова.
Пас аз ин Исроилова вақте ки ба ҷойи кор ҳозир шуд, ӯро посбонҳои дарвоза ба корхона роҳ надоданд. Ин амри директори генералӣ Дилшод Ҷалилов буд, ки ошкоро аз иҷрои ҳукми додгоҳи маъмурии шаҳри Фарғона сарпечӣ мекард. Дар баробари ин, аз пеши вай калиди кабинеташро гирифтанду ӯро аз назди дарвоза дур карданд.
– Дар утоқи кориам ҳуҷҷатҳои зиёд мавҷуд буд. Бе иштироки ман вориди утоқ шуда, ҳуҷҷатҳоро аз сандуқчаи мизи ман гирифтаанд. Агар баъзе аз ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намекардам, Ҷалилов ва Ибрагимов чӣ балоҳои дигарро ба сарам меоварданд. Ин ҳуҷҷатҳоро ба муфаттиши прокуратура тақдим намудам. Аммо муфаттиш шояд хостаи директори генералӣ Дилшод Ҷалилов ва мудири шуъбаи кадрҳо Улуғбек Мирзоевро иҷро мекард, ки ба он ҳатто таваҷҷӯҳ нанамуд, – иброз медорад Шоира Исроилова.
Дарвоқеъ, Эрнест Ибрагимов таҳдид намудааст, ки агар назди дарвозаи корхона пайдо шавад, ба хешу табораш низ зарар хоҳанд расонд.
– Ғайр аз он ки маро нагузоштанд вориди корхона шавам, Улуғбек Мирзоев бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ иддао намуд, ки чанд рӯз бесабаб ба кор ҳозир нашудаам. Барои ҳамин маро бо моддаи хоси Кодекси меҳнат аз кор хориҷ намуданд, – ёдовар шуд ҳамсуҳбати мо.
Ба ин қаноат накарда бо амри Дилшод Ҷалилов ҳуҷҷатҳои қалбакӣ месозанд ва ӯро дар тороҷи 124 миллион сӯмина амволи давлат муттаҳам мекунанд. Шоира Исроилова ба суди ҷиноӣ кашида мешавад. Гӯё вай чанд таҷҳизоти корхона, мисли телевизор, кондитсионер, яхдон ва амсоли онро ба хонааш дуздида бурдааст. Инчунин манораи оҳании оби аз нимаи солҳои шастуми асри гузашта боқимондаро афтонида, пораҳои онро бароварда фурӯхтааст.
Ба мурофиаи суд як гурӯҳ занҳо низ ҷалб карда мешаванд, то ки нисбати Ш. Исроилова аз тӯҳмат ва иғво истифода кунанд. Аммо тири маъмурияти корхона хок мехӯрад ва баръакс Шоира Исроилова дар суди ҷиноӣ кирдори маъмурияти корхонаро дар тороҷи амволи давлатӣ ошкор месозад. Посбонону коргарони шуъбаи маъмурӣ-хоҷагӣ Мирзоҷон Фозилов, Давлатҷон Ҳомидҷонов, Мамадазим Ҷалилов ва Муҳиддин Ҳасанов низ шаҳодат медиҳанд, ки на Шоира Исроилова, балки маъмурияти корхона бо роҳбарии директори генералӣ Дилшод Ҷалилов ва муовини ӯ Эрнест Ибрагимов дар тороҷи амволи давлатӣ гунаҳкоранд ва онҳо бояд ба курсии додгоҳ кашида шаванд.
Дар суди ҷиноии шаҳри Фарғона раисикунанда Фирӯза Сиддиқова баъди баррасиҳо ва шаҳодати шоҳидон эълон мекунад, ки маъмурияти корхона 87 миллион сӯмина амволи давлатиро ба тороҷ бурдааст. Вай аз мақомоти додситонӣ тақозо менамояд, ки тафтиш гузаронанд, то ки зарари молии рабудашуда ба хазинаи корхона баргардонида шавад.
Аммо боз баъзе таҷҳизоти корхона дар дӯши ӯ боқӣ мемонад, зеро имкон надошт, ки ҳуҷҷатҳои лозимаи онро ба додгоҳ пешниҳод кунад. Бо вуҷуди ин, яке аз вакилони додгоҳ ва вакили мудофеъ бевосита мавҷуд будани телевизор, кондитсионер ва яхдонро дар корхона рафта месанҷанд.
Ба гуфтаи собиқ вакили мудофеъ ва дар айни ҳол ҷонишини раиси Суди ҷиноии вилояти Фарғона Бурҳонҷон Мамаҷонов маъмурияти корхонаи барқи вилоят хостаанд аз ин зан ҷинояткори ашаддӣ созанд ва ӯро дар иттиҳоми тароҷ намудани моликияти давлатии корхона гуноҳкор намуда, аз ӯ маҳбус созанд.
– Агар кор чунин ранг мегирифт, дигарон аз ҷавобгарии ҷиноӣ наҷот меёфтанд, аммо Шоира Исроилова маҳкум мешуд. Ман бо намояндаи Суди ҷиноии вилоят ба ин корхона рафтам ва шоҳиди он шудам, ки даъвоҳои шоҳидон асос надоштааст ва яхдон, кондитсионер ва телевизор дар ҷояш аст, – изҳор намуд собиқ вакили мудофеъ Бурҳонҷон Мамаҷонов.
Маълум шудааст, ки дар ҷараёни мурофиаҳои суд бархе аз шоҳидон бо овардани далелҳои беасос вакили додрасониро гумроҳ сохтанӣ шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ҳуҷҷатҳои расмиро бидуни ваколати худ Шоира Исроилова имзо мекард, аммо вакили додрасонӣ собит намудааст, ки имзоҳо сохтаанд ва ба Ш.Исроилова марбут наянд.
Оқибат Суди олӣ қилро аз хамир ҷудо намуда, ҳақро ба ҳақдор расонид.
– Дар муддати ҳафт соли охир дар шаҳрҳои Фарғона ва Намангон борҳо мурофиаҳои суд баргузор гардиданд. Дар роҳи расидан ба мақсадам устувор будам ва талош кардам, ки бегуноҳиамро собит хоҳам кард. Барои ҳамин бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардам, – мегӯяд Шоира Исроилова.
Дар мурофиаи ниҳоие, ки дар толори бинои Суди олӣ баргузор гардид, намояндаи Прокуратураи генералӣ Фирдавс Умиров гуфт, ки Шоира Исроилова ҳамеша барои гирифтани пеши тороҷ гардидани амволи давлатӣ талош намудааст, аммо дар чанд марҳила вакилони додрасонӣ ва додгустарӣ ин ҷиҳатро сарфи назар намудаанд ва муҷиби сарсону саргардонӣ ва азияташ шудаанд.
– Прокуратураи генералӣ аз Суди олӣ хоҳиш мекунад, ки таъиноти суди шаҳри Фарғона аз 01.02.2020, таъиноти суди ҷиноии вилояти Намангон аз 29.03.2023 ва суди тафтишотии вилояти Фарғона аз 18. 03. 2024 нисбати Ш. Исроиловаро бекор ва аз рӯйи ин парванда қарори нав қабул кунад, –изҳор намуд Ф.Умиров.
Дар натиҷа Суди олӣ таҳти раёсати Дилшод Раҷабов, ёварони ӯ – Элдор Шамсиддинов ва Маъмура Қодирова, котиб Дилшодҷон Норқулов бо қарори худ Шоира Исроиловаро бегуноҳ эълон кард ва ба баррасиҳои ҳафтсолаи қазияи мазкур хотима бахшид. Раванди ин мурофиаро мухбири «Овози тоҷик» бевосита мушоҳида менамуд. Дар баробари ин, бо тавсияи раисикунандаи мурофиа бояд ба Шоира Исроилова шароит фароҳам оварда шавад, ки саломатиашро барқарор намояд. Интизор меравад, ки корхона маоши ин давраро ба вай ҷуброн хоҳад кард.
– Дар муддати ҳафт сол ноумед нашудам ва муборизаро идома додам. Эътимодам қавӣ буд, ки рӯзе ба далелҳои овардаам таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад. Ин аст меваи Ӯзбекистони Нав, ки бо ташаббуси Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев бунёд меёбад ва тараққӣ мекунад. Ман бевосита ба ҷонишини Прокуратураи генералӣ, мушовири калони адлия Светлана Ортиқова барои таҳқиқи ҳаққонии қазия арзи минатдорӣ мекунам, – мегӯяд Шоира Исроилова бо ашки шодӣ.
***
P.S. Сардори шуъбаи мубориза бо коррупсияи Ҷамъияти саҳҳомии Корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи вилоят Алишер Холматов ва мудири шуъбаи кадрҳои он Улуғбек Мирзоев, ки ҳамеша барои аз вазифа дур кардани Шоира Исроилова ва ба маҳбас кашидани ӯ аз роҳҳои разил истифода намудаанд, дар гирифтани ришва боздошт ва аз озодӣ маҳрум карда шуданд. «Чоҳкан – зери чоҳ» ҳамин будагист.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.