Бузургмеҳр Раҷабов ҷавони 28-сола. Сокини деҳаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд. Ҷавонест, ки хоксориву фурӯтаниро ба худ шиор намудааст.
Ҳар як ҷавон маънавияти хуб ва одобу ахлоқи заруриро соҳиб бошад, албатта, нуфузу эҳтироми хос пайдо мекунад. Дар ҳаёт ба ҷавононе вомехӯрем, ки тавассути мансаб, ё ягон натиҷаро соҳиб шудан, рафтору кирдорашон, дигар мешавад. Яъне ба кибр дода мешаванд. Ин ҳолат на ҳар касро хуш меояд. Баръакс, ононе ки хоксор ҳастанд, одобро риоя мекунанд, ба ҳусни худ ҳусн зам мекунанд. Ин гуна ҷавонон, ба қавле, «дидадарову ба дида ҷо шудаанд». Бояд ҳамин хел ҳам бошад. Солҳои охир сафи ин гуна ҷавонон, хушбахтона, афзуда истодааст. Онҳо саъю талош менамоянд, то дар ҷодаи ҳаёт муносиб ба амали худ подоше низ дошта бошанд.
Бузургмеҳр Раҷабов ҷавони 28-сола. Сокини деҳаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд. Ҷавонест, ки хоксориву фурӯтаниро ба худ шиор намудааст. Меҳнати ҳалолро дӯст медорад ва кибр ба ӯ бегона аст. Дар зиндагӣ ин мисраъҳоро чун панд меписандад:
Аз гиру дори манманӣ, ҳаргиз нашуд ҳосил мурод,
Дасти саховат баркушо, фотиҳа аз пирон талаб.
Бузургмеҳр чанде пеш сазовори номи худ буданашро исбот намуд. Ба қарибӣ даври вилоятии қувваозмоии варзиши намуди армрестлинг шуда гузашт. Бузургмеҳр, ки ба худ боварӣ дошт, дар ин озмун ширкат намуд. Барои ба даст овардани ҷойи якум талош варзид ва комёб ҳам шуд. Бахт ба рӯяш хандиду сазовори ҷойи якум гардид. Аз рӯйи вазни 75 кг. ғолиби мутлақ гардид. Ин дастовард барои ҷавоне, ки аз деҳот асту бо меҳнати ҳалоли хеш зиндагиро пеш мебарад, натиҷаест бузург. Аз тарафи муассисаҳои дахлдор қаҳрамони мо бо сарулибоси варзишӣ, диплом ва дигар тӯҳфаҳо сазовор гардонида шуд. Ин пирӯзиро ба Бузургмеҳр шодбош мегӯем.
Сулаймон СОДИҚ,
омӯзгори мактаби рақами
9-уми ноҳияи Бӯкаи
вилояти Тошканд.