Майдони нави варзиш барои ҷавонон

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақири ноҳияи Сӯх майдончаи замонавии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими кушоиши он аъзои секторҳо таҳти раёсати ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев, инчунин депутатҳои шӯрои маҳаллӣ, фаъолон ва аҳли маҳалла ширкат варзиданд. 
 
Гуфта шуд, ки арзи вуҷуд намудани ин варзишгоҳ натиҷаҳои ислоҳоте мебошад, ки дар мамлакати соҳибистиқлоламон беш аз пеш доман фарох намудааст.
– Дар чунин деҳаи дурдасти вилоят бунёд ёфтани ин майдончаи футбол таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба рушди варзиш дар кишвар мебошад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар минтақаҳо тавассути лоиҳаҳои муҳим амалӣ мегарданд, ки маблағи онро созмонҳои молиявӣ .дар ихтиёри мо гузоштаанд. Акнун ҷавонони ҷамоати маҳаллаи Қақир ва атроф тамоми фасли сол дар ин ҷо метавонанд футболбозӣ кунанд, – мегӯяд С. Сайидмӯсоев.
Ин варзишгоҳи замонавӣ дар доираи барномаи «Рушди инфрасохтори деҳот»-и Бонки ҷаҳонӣ сохта, ба истифода супурда шудааст. Арзиши лоиҳаи мазкур 710 миллион сӯмро ташкил мекунад. Пас аз ба истифода супурда шудани майдон байни ҷавонони маҳалла ва тими футболи мактаби таҳсилоти умумии рақами 28 мусобиқаи футбол баргузор гардид. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: