Ҷавонон бо кор таъмин мегарданд

Дар Донишгоҳи давлатии Навоӣ ҳамоиши «Кареракунӣ» баргузор гардид.

Таъмини ҷавонон бо ҷойи кор яке аз муаммоҳои рӯз мебошад. Барои таъмини ҷавонон бо ҷойи кор дар Донишгоҳи давлатии Навоӣ ҳамоиши «Кареракунӣ» баргузор гардид.
 
Дар ин ярмарка беш аз 40 корхонаи саноатӣ, ташкилот ва бонк иштирок намуданд. Намояндагони ҶС «Навоиазот», муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияҳои вилоят, «Миллий банк», «Алоқабанк» ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷойҳои холии корро ба ҷавонон пешниҳод намуданд.
Бисёр ҷавонон бо фаъолияти корхонаву муассисаҳо шинос гардида, шартномаҳо имзо намуданд. Чорабинӣ бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, таълими олӣ, агентии кор бо ҷавонон ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид.
 
Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: