Дар Тошканд падар қариб 2 миллиард сӯм алиментро пардохт кард... Дар Қароқалпоқистон падар ба ҷойи алимент ба фарзандонаш хона тӯҳфа намуд... Падари қарздорро аз кӯҳистон пайдо карданд... Зане дар Тошканд ба шавҳари собиқаш 1,7 миллиард сӯм алимент пардохт... Дар Фарғона падареро, ки аз пардохти алимент фирор кард, аз чоҳ дарёфтанд... Дар Ҷиззах падаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ кард, ба муддати 15 рӯз ҳабс шуд... Ба ҷойи алимент «Damas» ҳадя кард...
Ҳар гоҳ шабакаҳои иҷтимоиро «сайр» кунем, ё ба барномаҳои ахбори телевизиону радио гӯш диҳем, ё ки рӯзномаҳоро варақ занем, ҳатман чунин сарлавҳаҳои «ҷолиб» ба чашм мерасанд, ки аксар мазмуну муҳтавои якранг доранд ва ба андозае табъро хираву ақлро тира менамоянд. Маҳз афзудани теъдоди чунин ахбору гузоришҳо дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ моро водор кард, то дар бораи таърих, паҳлуҳои динӣ, равонӣ, ахлоқии ин мушкилоти иҷтимоӣ силсилаи мақолаҳоро омода намуда, пешкаши муштариён намоем.
Алимент аз калимаи лотинии «alimentum» – маънои «таъмин кардан, сарпарастӣ, парасторӣ»-ро дорад. Яъне, алимент воситаи моддии таъмин ё парасторӣ кардан аст, ки иҷрои онро қонуни ҷорӣ муқаррар менамояд. Ӯҳдадориҳои супоридани алимент аз муносибатҳои никоҳӣ, хешовандӣ ва дигар робитаҳо бармеоянд. Корношоямӣ, хурдсолӣ, пиронсолӣ, вазъи саломатӣ ва ғайра шартҳои асосии гирифтани алимент мебошад.
Вақте ба сарчашмаҳои таърихӣ рӯ меорем, аён мешавад, ки дар бораи алимент дар яке аз қадимтарин маҷмӯаи қонунҳои таърихи башарият – «Қонунҳои Ҳаммурапӣ», ки тақрибан соли 1754 пеш аз милод дар Бобул (Месопотамия) таҳия шуда буд, маълумот оварда шудааст. Он аз 282 қонун иборат буда, дар санги диёритӣ бо хати мехӣ ва забони аккадӣ кандакорӣ шудааст.
Қонуни аслӣ дар як сутуни сангин бо баландии тахминан 2,25 метр сабт шудааст, ки онро соли 1901 дар шаҳри қадимаи Сӯза (дар Эрони имрӯза) кашф карданд ва ин лавҳаи таърихӣ ҳоло дар Осорхонаи Лувр (Париж) маҳфуз аст.
Дар он баробари муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҷазо, мулк ва ҳуқуқи амвол, қоидаҳои марбут ба хидматрасонӣ ва ободонӣ, ба ҳуқуқҳои хонаводагӣ, чун никоҳ, талоқ, мерос, алимент ва масъулиятҳои хонавода низ диққати махсус дода шудааст.
Аз ҷумла, дар қонуни рақами 128 навишта шудааст, ки «Агар мард зану фарзандонашро тарк кунад, ӯ бояд барои таъмини онҳо маблағ пардозад. Агар ин маблағ пардохт нашавад, метавонад ҷазо бигирад».
Аз ин рӯ, метавон «Қонунҳои Ҳаммурапӣ»-ро чун аз аввалин низомҳои ҳуқуқии тартиботи иҷтимоӣ ном бурд, ки дар он ҳуқуқҳои кӯдак ва зан, аз ҷумла алимент баррасӣ шуда буд. Маҳз ин қонунҳо барои ташаккули низоми ҳуқуқии ин самт замина гардида, дар қонунгузориҳои баъдӣ таъсири бевоситаи онҳо эҳсос мешавад.
Дар Рими Қадим низ мафҳуми алимент мавҷуд буда, падарҳо вазифадор шудаанд, ки пас аз талоқ барои фарзандон алимент пардозанд. Ин масъулиятҳо асосан аз тариқи қонунҳои оилавии Рим, урфу одат ва амри суд амалӣ мешуданд.
Вақте ин равандро дар асоси манбаъҳо меомӯзем, маълум мегардад, ки маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии «Русская правда» («Ҳақиқати русӣ») низ яке аз муҳимтарин маҷмӯаи қонунҳо дар ин самт ба шумор меравад. Дар он, ки дар замони шоҳзода Ярослав Владимирович Мудрий (асрҳои XI–XII) бо забони русии қадим навишта шудааст, масъалаи алимент ба таври мустақим бо ин ном зикр намешавад, аммо ҳуқуқи таъмини фарзандон ва аъзои оила дар чанд модда зикр шудааст.
Қисматҳои «Правда Ярославичей» ва «Пространная правда»-и маҷмӯа масъалаи мерос ва таъминоти модару фарзандро пас аз вафоти падар танзим мекунанд. Масалан, агар шавҳар вафот кунад, фарзандон мерос мегиранд, вале зани бева ҳақ дорад, ки то охири умр дар хонаи шавҳар зиндагӣ кунад ва таъмин гардад.
Дар баъзе ҳолатҳо, фарзандон вазифадор буданд, ки модар ё хоҳарони худро таъмини молиявӣ намоянд. Метавон гуфт, ки дар «Русская правда» мафҳуми алимент ҳамчун як қисми ҷавобгарии иҷтимоии волидайн баррасӣ шудааст.
Соли 1715 Пётри I ҳуҷҷатеро имзо кард, ки дар он бори аввал меъёри мустақим оид ба ӯҳдадориҳои алимент муқаррар карда шуд. Тибқи муқаррароти ин санад, сарвари хонадон вазифадор буд, ки фарзанди нохонда ва модари ӯро таъмин кунад. Барои саркашӣ аз иҷрои ин ӯҳдадорӣ ҷазо муқаррар гардид.
Дар асри XIX, бо зиёд шудани талоқ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, кишварҳо зина ба зина дар бораи алимент қонунҳои мукаммалро қабул карданд. Аз ҷумла, соли 1892 ҷилди даҳуми Кодекси қонунҳои империяи Русия қабул ва қонунгузории шаҳрвандиву оилавии ин мамлакат ҳамаҷониба ба низом дароварда шуд. Маҳз бо ҳамин маҷмӯа меъёрҳои оила, никоҳ, нигоҳубин ва тарбияи фарзандон мушаххас гардиданд. Дар асоси он волидон барои таъмини фарзандони қонунии худ, яъне кӯдаконе, ки бо издивоҷи расмӣ таваллуд шудаанд, вазифадор гардиданд. Илова бар ин, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои байни зану шавҳар танзим шуданд.
Ӯҳдадориҳои алиментӣ пас аз соли 1917, яъне Инқилоби Октябр ба марҳилаи нави рушд баромад. Кодификатсияи меъёрҳо оид ба алимент бо ҷорӣ шудани Кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Федератсионии Сотсиалистии Русияи Шӯравӣ аз соли 1969 ба амал омад ва баробари барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ ҷавобгарии ҷиноӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои алиментӣ муқаррар карда шуд.
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, қонунгузории шӯравӣ пардохти алиментро ба падар ё модари саркаш маҷбурӣ мекард. Ин тартиб асосан тавассути суд ва бо назорати давлат амалӣ мешуд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани мамлакатамон Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид, ки аз 1 сентябри соли 1998 дар қаламрави кишвар мавриди амал қарор дорад. Дар бобҳои 14-18, моддаҳои 96-147-уми фасли панҷуми кодекси мазкур маҳз паҳлӯҳои қонунии масъалаи алимент, тартиботи пардохт, уҳдадориҳои волидону фарзандон дар ин самт ба миён гузошта шудааст.
Инчунин, ҳоло дар сатҳи байналмилалӣ Конвенсияи Гаага амал мекунад, ки чанд санади байналмилалиро фаро гирифта, яке аз онҳо Конвенсия дар бораи рӯёндани алимент мебошад.
Ин конвенсия ҷиҳати рӯёндани алимент санади муҳим аст ва раванди ҷамъоварӣ, шинохт ва иҷрои қарордодҳои алиментиро байни давлатҳо муқаррар менамояд. Бояд гуфт, ки ҳоло Ӯзбекистон низ дар марҳалаи ҳамоҳангсозӣ ва таҳлили пайвастан ба он қарор дорад.
Вақте сарчашма ва манбаъҳои таърихиро доир ба алимент аз назар мегузаронем, аён мегардад, ки бо гузашти вақт дар ҳама мамлакатҳои ҷаҳон қонунгузорӣ дар ин самт таҳким ёфта, механизмҳои нав роҳандозӣ шудаанд, чораҳои тартибу ҷазо пурзӯр гардидаанд.
Саволи барҳақ ба миён меояд: чӣ хел як масъулияти қонунӣ ба худ ҳукми абадиро касб кард? Чӣ боис мешавад, ки сол то сол низому тартибот дар ин самт пурзӯр мегардад? Мо ба ин мавзӯъ боз бармегардем.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».