31 августи соли 1991 санаест, ки дар таърихи давлатдории миллии мо бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Ин сана барои Ӯзбекистон, ки ба истиқлолият ноил гаштааст, на танҳо як падидаи сиёсӣ, балки барои эҳёи маънавии худ як гардиши таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки барои ишғоли мавқеи сазовор дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як ниҳоди воқеии соҳибихтиёр роҳ кушодааст.
Дар қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сию чаҳорумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ҳамин андешаҳо бори дигар равшану возеҳ баён ёфтанд: «Истиқлолият дар баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватани мо дар сатҳи байналмилалӣ чун муттакои бузург хидмат мекунад».
Дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлол низ таҷассум ёфтани ғояи накӯи «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» муайян гардидааст.
Дар ҳашт соли охир, дар заминаи ислоҳоти густурдае, ки дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд, дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат ба маънои воқеӣ беҳбуди зиёд ба назар мерасад. Ин равандҳо на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки тавассути таҳкими механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба баланд бардоштани қадри инсон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон ва таъмини некӯаҳволии халқ нигаронида шудаанд.
Бахусус, ислоҳоте, ки дар соҳаҳои таълим, тандурустӣ, хонаву ҷой, сиёсати ҷавонон, фарҳанг ва варзиш амалӣ гардиданд, натиҷаи амалии замини сиёсиву ҳуқуқиест, ки ба шарофати истиқлол ташаккул ёфтааст.
Ба туфайли ислоҳоте, ки тӯли солҳои охир танҳо дар соҳаи таълим амалӣ шуданд, фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ аз 27 фоизе, ки дар соли 2017 буд, ба 77 фоиз расид. Фарогирӣ бо таҳсилоти олӣ аз 9 фоиз то 42 фоиз боло рафт. Модели нави сохтори мактабҳо, чун мактабҳои эҷодӣ, мактабҳои Президентӣ, муассисаҳои таълимии ихтисосонидашуда пайдо шуданд. Ин натиҷаҳо далели он аст, ки ба шарофати истиқлолият кишвар ҳуқуқи мустақилона муайян ва амалӣ намудани сиёсати соҳаи таълимро дорад.
Истиқлол ба мо имкон дод, ки адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсонро ба арзиши устувор табдил диҳем. Дар таҳрири нави Конститутсия дорои «характери иҷтимоӣ» будани давлат боз ҳам таҳким ёфт, ки давомдории ин сиёсатро тасдиқ мекунад.
Корҳое, ки аз тарафи давлат оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва тадриҷан зиёд кардани нафақа ва кумакпулӣ амалӣ мешаванд, барои таъмини барқарории иҷтимоӣ дар ҷамъият хидмат мекунанд. Масалан, тавассути механизмҳое чун «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» миллионҳо нафар бо ёрии иҷтимоии мақсаднок фаро гирифта мешаванд.
Ҳамзамон, маҳз истиқлолият, ки тамоми кафолатҳои сиёсию ҳуқуқиро дар бар мегирад, барои татбиқи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», таҳкими фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар ҷамъият, таъмини қадр, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, рушди минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ дар минтақа, ҳамкории фаъол бо мамлакатҳои ҷаҳон, баланд бардоштани обрӯю эътибори Ватанамон дар сатҳи байналмилалӣ чун такягоҳи беҳамто хидмат мекунад.
Дар қарори Президент шиори «Ҷавонон – бунёдкорони Ӯзбекистони Нав» бо таъкиди махсус зикр ёфтааст. Ин тасодуфӣ нест. Зеро авлоде, ки замони истиқлол камол ёфтанд, имрӯз чун нерӯи пешбаранда ба марҳилаҳои нави рушд роҳнамоӣ мекунанд. Имкониятҳои ҷавонон бобати омӯзиши технологияи иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ васеъ мегардад. Бо ташаббуси Президент роҳандозии амалиёти аз тарафи давлат пардохт гардидани тамоми хароҷоти таҳсили донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои ТОП-300-и ҷаҳон таълим мегиранд, мисоли равшани ин аст.
Ғайр аз ин, ба туфайли истиқлол дар соҳаи тандурустӣ низ ислоҳоти куллӣ амалӣ шуданд. Марказ ва клиникаҳои муосир таъсис ёфтанд, ёрии таъҷилии тиббӣ, низоми кӯмаки онкологӣ ва перинаталӣ аз нав ташкил гардид. Ҳатто аҳолии минтақаҳои дурдаст низ имкони истифода аз хизматрасониҳои тиббии давлатиро соҳиб мешаванд.
Дастовардҳои соҳаи варзиш низ меваи истиқлол мебошанд. Дар соли 2025 ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтани дастаҳои мунтахаби миллии наврасони Ӯзбекистон оид ба футбол, дар Олимпиадаи Париж барои нахустин бор ба понздаҳгонаи беҳтарин шомил шудани варзишгарони мо дастоварди бузурги давлати мустақиланд. Муҳим аст, ки дар бораи чунин дастовардҳо метавонем бисёр мисол оварем.
Хулоса, истиқлол танҳо як мақоми сиёсӣ нест, балки неъмати таърихиест, ки ба миллат имкони озодона нафас кашидан, намоён кардани иқтидор, инчунин, ҳуқуқи ҳаёти шоистаи ҳар як инсонро кафолат медиҳад.
Вазифа ва самтҳое, ки дар қарори Президент муайян гардидаанд, бори дигар дар ҳаёти мардуми мо то чӣ андоза аҳамияти бузург доштани истиқлолиятро нишон медиҳанд. Ӯзбекистони Нав имрӯз на ба мисли гузашта, балки ҳамчун як давлат, ки роҳи худ, мавқеи худ, модели хоси худро дорад, парчами истиқлолро баландтар мебардорад.
Мавлуда АДҲАМҶОНОВА,
узви Кумита оид ба масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зисти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.