Дар шаҳри Гулистон маркази хидматрасониҳои давлатӣ, ки ба аҳолӣ хидматҳои ҳуқуқӣ ва давлатиро тибқи тамоюли «равзанаи ягона» пешниҳод мекунад, ба истифода дода шуд.
Ба туфайли ба кор андохтани иншооти нав, барои шаҳрвандон, соҳибкорон ва намояндагони соҳаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки аз хидматҳои васеъмиқёс, босифат, фаврӣ ва шаффоф баҳра баранд. Ташкили чунин марказҳо ифодаи амалии ислоҳоте мебошанд, ки дар кишварамон таҳти шиори «Ба хотири қадри инсон» амалӣ мегарданд. Гирд овардани хидматҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ дар як ҷо боиси сарфа шудани вақт ва коҳиш ёфтани оворагии зиёдатии шаҳрвандон шуда, ба аз байн бурдани монеаҳои ғайрирасмӣ мусоидат мекунад.
Дар маросими ифтитоҳи марказ вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акбар Тошқулов, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сирдарё Эркинҷон Турдимов, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва намояндагони васоити ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин инфрасохторҳои муосир барои фароҳам овардани муҳити мусоиди хидматрасонӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани самаранокии он ва коҳиши монеаҳои бюрократӣ аҳамияти муҳим доранд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Тошқулов ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э.Турдимов зимни суханрониашон таъкид карданд, ки ин марказ дар вилояти Сирдарё барои дастгирии ҳуқуқии шаҳрвандон ва наздиктар шудани давлат ба мардум пойдевори муҳим хоҳад шуд. Онҳо изҳори боварӣ намуданд, ки иншооти мазкур ба маконе табдил меёбад, ки эътимоди мардумро ба давлат таҳким бахшида, фарҳанги ҳуқуқии онҳоро боло мебардорад.
Лоиҳае, ки арзиши умумии он 6 миллиарду 972 миллион сӯмро ташкил медиҳад, аз ҷониби ҶММ «Бетон саноат» амалӣ гардидааст. Биное, ки бо ҳамоҳангии меъмории миллӣ ва муосир бунёд ёфтааст, идораи адлияи шаҳр, маркази хидматрасонии ҳуқуқӣ, шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ), маркази хидматрасониҳои давлатӣ, шӯъбаҳои нотариалӣ ва бойгонӣ дар он ҷой гирифтаанд. Ин ҳама имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бисёр равандҳои муҳимеро, аз қабили бақайдгирии издивоҷ, гирифтани машварати ҳуқуқӣ, расмӣ намудани муносибатҳои молу мулк ва дигар санадҳоро дар як макон анҷом диҳанд.
Дар толори хизматрасонии бино 17 равзанаи қабул фаъолият мекунад, ки тавассути онҳо дар як вақт зиёда аз 450 намуди хидматрасониҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд. Низоми навбатгирии электронӣ, киоскҳои иттилоотӣ, китобхонаи хурд, фазои Wi-Fi, хидматрасониҳои машваратӣ ва стендҳои иттилооти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон осонӣ ва шароити қулай фароҳам меоранд. Барои шахсони дорои маъюбият роҳравҳои махсус, толорҳои интизории мусоид, майдончаи бозии кӯдакон ва нуқтаҳои барқгирии дастгоҳҳои мобилӣ низ муҳайё гардидаанд. Ҳамчунин, гӯшаи аккосии мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ ва услуби замонавӣ ташкил ёфтааст, ки барои сабт кардани лаҳзаҳои хотирмони арӯсу домодҳо хизмат мекунад.
Хушбахтона, дар бахши САҲШ-и бинои нав, дар ҳузури иштирокчиёни чорабинӣ, издивоҷи Муҳаммадалӣ Бозорбоев, ки соли 2000 дар маҳаллаи Янгиқишлоқи ноҳияи Сардоба таваллуд ёфтааст ва Нозимахон Бозорбоева, ки соли 2006 дар ноҳияи Сайҳунобод ба дунё омадааст, расман ба қайд гирифта шуд. Дар ин маврид, аз ҷониби пирони рӯзгордида ба онҳо фотиҳаи сафед дода ва барои зиндагии нав таманниётҳои самимӣ баён гардиданд.
– Пештар барои гирифтани як санад лозим буд ба идораҳои гуногун равем ва соатҳо дар навбат истем. Ҳоло бошад, ҳамаи хидматҳо дар як ҷо, осон, шаффоф ва бе ягон оворагарди анҷом меёбад. Ин як шароити хеле мусоид ва таваҷҷуҳи воқеӣ ба халқ аст, – изҳор дошт собиқадори меҳнат Тоҳир Самиев, ки дар чорабинӣ иштирок дошт.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо шароитҳои дар марказ муҳайёгардида аз наздик шинос шуданд. Таъкид гардид, ки чунин марказҳо дар таҳкими эътимоди байни давлат ва мардум ва бунёди асосҳои давлати ҳуқуқбунёд нақши муҳим мебозанд.
Ғулом ПРИМОВ,
мухбири ӮзА.