Беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ пешниҳод шуд

Дар мономаркази «Ишга марҳамат»-и ноҳияи Оққӯрғон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки аз ҷониби ҳокимияти вилояти Тошканд дар ҳамкорӣ бо раёсати шуғл ва коҳиши камбизоатии вилоят, Шӯрои олии судӣ ва дигар ташкилотҳои шарик ташкил карда шуд.

Дар ярмарка тақрибан 200 корхона 4 ҳазору 42 ҷойи кории холиро пешниҳод карданд. Дар натиҷа, тақрибан 700 нафар ҷавонон ва занони бекор ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Мутахассисон ҳамзамон ба иштирокчиён оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва навгониҳо дар қонунгузорӣ маълумот доданд.
Дар доираи ярмарка ба корхонаҳо  экскурсия ва курсҳои омӯзиши касбӣ низ ташкил карда шуданд.
– Ростӣ, интизор надоштам, ки кор пайдо мекунам, – мегӯяд сокини ноҳияи Юқоричирчиқ Б. Раҳимқулов. – Ман ба соҳибкории хурд ва соҳаи савдо таваҷҷуҳ дорам. Аз ин рӯ, дар як корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ноҳияи Чиноз ба кор даромадам. Мутахассисон маро бо раванди кор, шароит ва музди меҳнат шинос карданд. Акнун мехоҳам ин соҳаро амиқтар омӯзам ва дар оянда корамро оғоз намоям.
Дар айни ҳол, дар корхонаҳо ва ташкилотҳои вилоят беш аз 35 ҳазор ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон, шумораи бекорон дар байни табақаҳои гуногун тақрибан 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, пешниҳодҳо ва хоҳишҳои онҳо мавриди омӯзиш қарор доранд.
Аз аввали сол, дар доираи ярмаркаҳои кор, ки дар минтақаҳои гуногун баргузор гардиданд, 3 ҳазор нафар ба ҷойи кор таъмин шуданд.
– Яке аз мушкилоти асосӣ – номувофиқ будани сатҳи тахассуси ҷӯяндагони кор ба талаботи корхонаҳост, – мегӯяд сардори раёсати шуғл ва коҳиши камбизоатии вилояти Тошканд Зиёдбек Юлдошев. – Мо ин масъаларо дар ярмаркаҳо низ матраҳ мекунем. Марказҳои омӯзиши касбӣ дар маҳалҳо бо намояндагони корхонаҳо гуфтугӯ мебаранд, то мушкилоти омода намудани мутахассисони болаёқатро якҷоя ҳал намоянд.
 
Абдулазиз МУСОЕВ,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: