Таърифи нақди адабӣ дар назди қадимиён бо он чӣ имрӯза аз он хулоса мешавад, фарқ дорад.
Дар назди қудамо мурод аз нақд, маъмулан, ин будааст, ки айбҳои асареро баён кунанд ва масалан, дар ин ки алфози он чӣ вазъе дорад, ё маънии он баргирифта аз асари дигаре аст ва ба таври куллӣ аз фарозу фуруди лафз ва маънӣ сухан гӯянд. Ва ин маънӣ аз худи луғати нақд фаҳмида мешавад, зеро нақд ҷудо кардани сара аз носара аст. Тавзеҳи ин, ки дар айёми бостон пул куллан ду навъ буд: пули нуқра (дирам) ва пули тилло (динор). Гоҳе дар динор дасти қалб мезаданд ва ба он мис меомехтанд ва дар ин сурат софӣ ва холисии тилло пойин меомад. Дар рӯзҳои нахуст ташхиси миси омехта бо тилло бо чашми муяссар набуд. Албатта, баъд аз гузашти муддате, мис андак-андак сиёҳ мешуд, чунонки Ҳофиз гӯяд:
Хуш бувад гар миҳаки таҷриба ояд ба миён,
То сияҳрӯй шавад, ҳар чӣ дар ӯ ғаш бошад.
Ба сиккаи тақаллубӣ зари мағшуш ва носара ва амсоли ин мегуфтанд, чунонки Ҳофиз фармудааст:
Ёр мафрӯш ба дунё, ки басе суд накард,
Он ки Юсуф ба зари носара бифрӯхта буд.
Лизо дар муомилоти калон зарро ба сарроф арза мекарданд, то дараҷаи холисии зарро мушаххас кунад. Дар бозор дӯконҳои саррофӣ фаровон буд. Сарроф бо маҳаке, ки ба сикка мезад, дурустӣ ё нодурустии онро мушаххас мекард ва иёри онро месанҷид. Лизо дар мақоми ташбеҳ осори адабиро ҳам ба тилло монанд кардаанд, ки мумкин аст мағшуш бошад ва наққод он нохолисиҳоро бо маҳаки нақди адабӣ мушаххас мекунад. Бад-ин тартиб, чунонки ишора кардам, кори мунтақидони бостон бештар нишон додани нуқоти заъф будааст. Ҷомӣ дар «Субҳат-ул-аброр» ба мунтақидон мегӯяд:
Айбҷӯйӣ ҳунари худ кардӣ,
Айби нодида яке сад кардӣ.
Гоҳ бар рост кашӣ, хатти газоф,
Гоҳ бар вазн занӣ, таъни зиҳоф.
Гоҳ бар қофия, к-ин маълул аст,
Гоҳ бар лафз, ки номақбул аст.
Гоҳ нобурда сӯйи маънӣ пай
Хӯрда гирӣ зи таассуб бар вай.
Аммо дар даврони нав мурод аз нақди адабӣ нишон додани маойиби асар нест (ҳарчанд мумкин аст ба ин амр ҳам ишороте дошта бошад), зеро нақди адабӣ ба баррасии осори дараҷаи як ва муҳимми адабӣ мепардозад ва дар ин гуна осор беш аз ин ки нуқоти заъф муҳим бошад, нуқоти қувват матраҳ аст. Лизо, мунтақиди адабӣ мекӯшад, бо таҷзия (ба ҷузъҳо ҷудо кардан) ва таҳлили асари адабӣ, аввалан, сохтор ва маънии онро барои хонандагон равшан кунад ва сониян, қавонинеро, ки боиси эътилои он асари адабӣ шудааст, тавзеҳ диҳад. Лизо, нақди адабӣ аз як сӯ, ба кор гирифтани қавонини адабӣ дар тавзеҳи асари адабӣ аст ва аз сӯйи дигар, кашфи оинҳои тозаи мумтозе аст, ки дар асар пинҳон аст. Элиют [шоир ва ноқиди амрикоӣ] дар мақолаи «Суннат ва истеъдоди фардӣ» мегӯяд, ки қавонини адабӣ маҷмӯаи бастае нестанд ва таъбиру тафсири мо аз асари куҳан мудом онҳоро дигаргун мекунад.
Нақди адабӣ кори халлоқ аст ва гоҳ мунтақиди адабӣ ба андозаи соҳиби асар бояд дорои завқ ва халлоқият бошад, бо ин фарқ, ки нависанда ва шоир заруратан аҳли фазл ва ба сурати худогоҳ ошно ба ҳамаи фавту фанҳои улуми адабӣ нест, ҳол он ки мунтақиди адабӣ бояд дақиқан ба улуми адабӣ ошно бошад, то аз онҳо ба унвони абзоре дар таҷзия ва таҳлили авомили баландии он асари адабӣ баҳра гирад.
Имрӯза нақди адабӣ чунон ба суръат дар ҳоли тағйир аст, ки ҳароина бими он меравад, ки ҷою номи худро ба низоми дигаре, ки ба «назарияҳои адабӣ» маъруф аст, бидиҳад. Назарияҳои адабӣ назарияпардозӣ дар мавриди масоили мухталифи адабиёт аст: назария дар мавриди сохтори асари адабӣ, наҳваҳои гуногуни ривоят, фаҳми асари адабӣ, анвои қаҳрамонон, анвои мавзуот, анвои адабӣ ва даҳҳо мақулаи дигар. Ба ҳар ҳол имрӯза ин ду чунон бо ҳам сиришта шудаанд, ки баҳси нақди адабӣ ба шеваи собиқ, яъне беэътино ба назарияҳои адабии ҷадид мумкин нест ва гоҳе нақди адабӣ асосан ба маънии бо яке аз ин назариёт ба адабиёт нигаристан аст...
... Ба ҳар ҳол, дар мавриди нақди адабӣ он қадар сухан гуфтаанд, ки имрӯза яке аз шохаҳои мутолиоти адабӣ, нақдшиносӣ ва баҳс дар мавриди худи нақд аст. Масалан, Рулон Борт, чи дар китобҳои мустақил ва чи дар зимни осораш, баҳсҳои ҷолиби таваҷҷуҳе дар мавриди нақд дорад. Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки ҳар назарияпардози адабӣ маҷбур аст, ки дар мавриди пазируфтани худ аз нақд ҳам баҳсе дошта бошад. Бадеҳист, ки метавон аз нақди адабӣ бо таваҷҷуҳ ба таърихчааш пазириш ва интизороти бисёр дошт: айби асареро гуфтан, асареро васф кардан, таҷзия ва таҳлили асари адабӣ, дигаргуна хондани асаре, таъсири худро аз асаре баён кардан… ин талаққиёт ва интизорот, аввалан, дар ҳар даврае фарқ мекунад ва, сониян, бастагие ба фалсафа ё салиқаи мунтақид дорад. Масалан, Мишел Фуку дар мақолаи маъруфи «Муаллиф чист?» нақдро чунин таъриф мекунад: «Кори нақд ошкор сохтани муносиботи асар бо муаллиф нест ва низ қасд надорад, то аз роҳи мутун андеша ё таҷрибаеро бозсозӣ кунад, балки мехоҳад асарро дар сохтор, меъморӣ, шакли зотӣ ва бозии муносиботи даруниаш таҳлил кунад...
Масъалаи дигар (ки маъмулан, дар ин боб суол мекунанд) ин аст, ки оё мунтақиди адабӣ яке аз назароти адабиро интихоб кунад ва бо он асари адабиро бисанҷад? Посух ба ин пурсиш то ҳадде муфассал аст:
Аввалан, оре, метавонад чунон кунад, масалан, тасмим мегирад, ки асареро нақди фаннӣ кунад ва ба лиҳози луғату балоғат онро арзёбӣ кунад. Сониян, бархе аз осори адабӣ ба лиҳози сабк ва жанре, ки доранд, наҳваи нигоҳи мунтақидро таъйин мекунанд, яъне, нақди хоссеро металабанд, масалан, «Буфи кӯр»-и Ҳидоят бештар бо нақди равоншиносона ё асотирӣ ҳамхон аст, то масалан, нақди фаннӣ ва достони «Рустам ва Сӯҳроб» бо нақди навъӣ ва баҳс дар трожидӣ ва ҳамоса. Солисан, нақди адабӣ низоме аст, ки ба лиҳози тарҳи назариёти гуногуни адабӣ ба мунтақид дид ва кушодагӣ ва паҳноии зеҳнӣ медиҳад ва мунтақид ба унвони фарде халлоқ ва соҳиби фазл ва завқ ва истиқлоли раъй метавонад аз ҷанбаҳои гуногун ва ба истилоҳ илтиқотӣ [яъне омехтаи назарияҳо] ба асари адабӣ нигоҳ кунад ва ба муносибат аз ҳар абзоре истифода кунад. Масалан, дар нақди равоншиносона маъмулан ҷанбаҳои фаннӣ ва адабии асар лиҳоз намешавад, аммо, агар, масалан, мунтақиде дар баррасии равоншинохтии «Буфи кӯр» ба ташбеҳоти он ва чигунагии ваҷҳи шабаҳҳо диққат кунад, мусалламан муртакиби хато нашудааст. Бад-ин тартиб агар пизишк баъд аз ташхиси беморе фақат аз равиши дармонии хоссе баҳра мегирад, мунтақид дар айни маҳдуд будан ва риояти мавозини илмӣ озод аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи имконот ба суроғи асари адабӣ биравад...
Ва ман ҳам ба ҳамин қиёс чанд мисол аз осори адабии форсӣ меоварам: Тафсири Табарӣ, Таърихи Балъамӣ, Таърихи Байҳақӣ, Хон-ул-ихвон, Маснавии Мавлавӣ, Кашф-ул-асрор, Гулшани роз...
Ин, ки Кодн аз девони Шекспир ё достонҳои Ҷуйс зикре накардааст ва ман аз девони Ҳофиз ё достонҳои Ҳидоят ном набурдаам, ба ин ҷиҳат аст, ки дар адабӣ будани онҳо ҳеч шакку шубҳае нест.
Аммо ин, ки нақди адабӣ дар назди қудамо ба унвони яке аз улуми адабӣ матраҳ будааст, ё хайр, бояд арз кунам, ки оре, будааст. Бар хилофи сабкшиносӣ, ки мафҳуми он дар зеҳни қудамо буд, вале ба сурати як илми мудавван ва мушаххас вуҷуд надошт, нақди адабӣ ҳам дар Ғарб ҳам дар Шарқ (нақд-уш-шеър, нақд-ун-наср, мувозина) аз дербоз ба сурати як илм кам ва беш мустақил матраҳ буд ва касоне дар ин замина номовар будаанд. Ба ҳар ҳол, яке аз гироишҳои уламои балоғат нақди адабӣ будааст.
Дар мавриди насри нақди адабӣ – бад нест, ки ишора кунам – бояд содаву равшан ва илмӣ бошад. Дар Эрон расм аст, ки дар ситоиш аз насрҳои адабӣ ва иншоӣ ва дар айбҷӯӣ аз танз истифода мекунанд. Ҳол он ки нақди адабӣ, аввалан, дар асос рабте ба ситоиш ва айбҷӯӣ надорад ва гоҳе ҳадаф фақат таҳлили асар аст ва, сониян, дар мавоқеи мадҳ ва ҳаҷв ҳам бояд сухани равшан ва ҷанбаи истидлолӣ дошта бошад. Фарангиён ба насри нақди адабӣ (Expository prose) мегӯянд, яъне, насре, ки тавсифӣ ва иртиботӣ аст ва ҷанбаи истидлолӣ дорад, яъне бо зикри ҷузъиёт матлабро қадам ба қадам ҷилав мебарад.
Сируси ШАМИСО,
донишманди эронӣ.