Сафари ҳайати вилояти Фарғона ба Олмон

Ҳайати вилояти Фарғона бо роҳбарии ҳоким Хайрулло Бозоров бо мақсади рушди ҳамкории байниминтақавӣ ба Олмон сафар кард.

Дар ҷараёни сафар дар шаҳрҳои Олмон — Франкфурти назди Майна, Эрфурт ва Берлин як қатор вохӯриҳо баргузор шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Франкфурти назди Майна гуфтушунидҳо бо ширкатҳои нассоҷии «Engelbert Strauss» ва «Weitblick», инчунин бо муассисаҳои калони молиявӣ, ба мисли «KfW-IPEX», «ODDO BHF», «Landes-bank Hessen-Theringen» (Helaba) ва «AKA», инчунин бо ҳамватанон, ки дар соҳаҳои гуногун дар ин шаҳр фаъолият доранд, баргузор шуданд.

Дар шаҳри Эрфурт вохӯрӣ бо роҳбарияти Маркази таълимии Эрфурт ва Донишкадаи тадқиқоти нассоҷӣ ва нахҳои сунъии Тюринген баргузор гардид.

Дар сафорати кишварамон ҳамчунин мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони ширкатҳои «Waltec Maschi-nenbau», «Munchner Teppich-Manufactur», «Siemens Healthcare», «Restart Initiative», иттиҳодияи ширкатҳои «Musiad Berlin», инчунин бо роҳбарияти донишгоҳҳои Потсдам ва Констанс баргузор шуданд.

Илова бар ин, дар намояндагии дипломатӣ якҷо бо ширкати «Restart Initiative» форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Олмон таҳти унвони «Ба Фарғона сармоя ворид кунед» ташкил карда шуд.

Дар ин форум зиёда аз 150 намояндаи ширкатҳои бузурги олмонӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, иқтисоддонҳо, соҳибкорон, ширкатҳои машваратӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат карданд.

Дар ин форум потенсиали иқтисодии минтақа, муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳое, ки барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвари мо фароҳам оварда шудаанд, муфассал муаррифӣ гардиданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ сафири Ӯзбекистон дар Олмон Дилшод Аҳатов таъкид намуд, ки солҳои охир муносибатҳо бо Олмон ба сатҳи нав баромадаанд ва сафари мутақобилаи роҳбарони давлат ва ҳукумат ба густариши ҳамкории иқтисодӣ на танҳо миёни кишварҳо, балки байни минтақаҳо низ мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, дипломат дар бораи муҳити мусоид ва имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвари мо ва натиҷаҳои ислоҳоти васеъмиқёс маълумот дод.

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров муфассал дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои иқтисодии минтақа дар соҳаҳои стратегии саноати нафту газ, саноати нассоҷӣ, саноати барқ ва кишоварзиро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, ӯ таъкид кард, ки ислоҳотҳои ҷорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои навро мекушоянд. Дар хотима ӯ ҳамаи соҳибкоронро ба вилояти Фарғона даъват кард, то шахсан бо имкониятҳои тиҷоратӣ шинос шаванд.

Ҳамзамон, намояндагони минтақаҳо дар бораи потенсиали иқтисодии вилояти Фарғона, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва самтҳои умедбахши ҳамкорӣ маърӯза пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, намояндагони ширкатҳои олмонӣ, ки дар минтақа муваффақона фаъолият доранд, баромад намуда, таҷрибаи худро баҳам диданд.

Дар доираи форуми дар сафорат баргузоргардида гуфтушунидҳо ва мувофиқаҳо бо ширкатҳои «Alcon Development GmbH», «Proto Global GmbH», «Armin Franzen Cinematography», «S.P.A», «GfM group», «German Global Trade», «Nestro GmbH» ва дигарон, инчунин бо муассисаи олии «Hertie School» ба даст оварда шуданд.

Мухбири АИ «Дунё» бо баъзе иштирокчиёни форум суҳбат намуд.

Роҳбари ширкати «Simson Private Akademie» Макс Роймшюссел:

- Форуми тиҷоратӣ ба  мо илҳом бахшида, барои ҳамкориҳо такони нав дод. Мо зиёда аз чор сол аст, ки бо Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунем, дар ин муддат беш аз 100 мутахассиси ҷавонро дар Олмон таълим додем, ба онҳо дар пайдо кардани ҷойи кор кӯмак расонидем ва ҳамеша дастгирӣ ва машваратҳои наздик оид ба ташкили фаъолияти касбии онҳо пешниҳод намудем. Аксари ин ҷавонон аз водии Фарғона мебошанд. Ҷавонони Ӯзбекистон соҳиби дониш ва малакаҳои хуб буда, ба таҳсил шавқу ҳаваси бузург доранд.

Мо аз таҳкими робитаҳо бо вилояти Фарғона хушҳолем. Дар марҳилаи оянда мо нақша дорем, ки маркази таълимии худро дар Фарғона таъсис диҳем. Дар доираи ин чорабинӣ мо тавонистем бо ҳокими вилояти Фарғона созишномаи дахлдорро ба имзо расонем. Дар моҳи июл ҳайати мо бо сафари ҷавобӣ ба Фарғона меравад.

Қайд кардан мехоҳам, ки мо аз ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, махсусан аз тағйирот дар соҳаи маориф, хеле розӣ ҳастем ва ба самаранокии онҳо бовар дорем. Бисёре аз ҷавонони ӯзбек бо ҷидду ҷаҳд забони олмониро меомӯзанд. Дар солҳои наздик мо нақша дорем ҷавонони бештарро аз Ӯзбекистон ба Олмон биёрем ва барои онҳо имкониятҳои кору таҳсил фароҳам созем.

Ҳадафи мо ин аст, ки ин ҷавонон дар Олмон муддате зиндагӣ кунанд, таҷриба андӯзанд ва баъдан ба Ӯзбекистон баргарданд ва ба рушди кишвари худ саҳм гузоранд. Албатта, Олмон ба нерӯи кории соҳибихтисос ниёз дорад, аммо Ӯзбекистон низ бояд аз ин раванд манфиат гирад. Ба назари ман, ин барои ҳар ду кишвар судманд аст, таҷриба ва рушди иқтисодӣ бошад, ки дар Олмон ба даст меояд, ба рушди минбаъдаи Ӯзбекистон мусоидат мекунад.

АИ «Дунё»,

ш. Берлин

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: