2188 ҳолати қонуншикании вобаста ба азхуд кардани замин ошкор гардид

Бо иштироки роҳбарияти Оҷонсии кадастр ва раёсати Палатаи кадастри давлатии шаҳри Тошканд бахшида ба корҳои анҷомдодаи оҷонсӣ дар 6 моҳи гузаштаи соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Мувофиқи низом оҷонсӣ яке аз мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯйихат гузаронидани ҳуқуқҳои давлатии амволи ғайриманқул, геодезия, картография ва сиёсати ягонаи давлатиро оиди назорати кадастри давлатӣ, инчунин баҳисобгирии замин амалӣ менамояд. 
— Ҳоло ҷиҳати ба амал татбиқ намудани назорати давлатии аз рӯйихати давлатӣ гузаронидани ҳуқуқҳои мулки амвол, муайян намудани ҳолатҳои қонуншиканиҳо оид ба замин ва бартарафсозии он низоми ахбори автоматикунонидаи “E-yer nazorat” пурсамар истифода мешавад, — гуфт муовини роҳбари Саридораи оҷонсӣ Шиддатбек Абдуғаффоров. — Мутахассисони соҳа тариқи ин низом тавассути аксҳои кайҳонӣ ҳолати заминро таҳти назорат гирифта, сохтмонҳои ғайриқонуниро саривақт муайян менамоянд.
Ходимони саридора ва шуъбаҳои ноҳиявии он дар ҳудуди пойтахт дар давоми 6 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ чорабиниҳои назоратии кадастр ва заминро баргузор намуданд, ки дар натиҷаи он дар 2188 ҳолат қонуншикании вобаста ба азхуд кардани 35,8 гектар замин муайян гашт.
Бино бар ин дар заминҳои хоҷагии қишлоқ 8-то, истиқоматии аҳолӣ 2164, дар заминҳое, ки барои соҳаи саноат, нақлиёт, мудофиа ва ғайра пешбинӣ шудаанд, 15 ва заминҳои захираи об 1-то ҳолати қонуншиканӣ қайд гардида, дар натиҷаи чорабиниҳои пурсамар ин заминҳо ба ҳолати аслии худ баргардонида шуд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи барқарор намудани ҳуқуқи қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва биною иншооти дар онҳо сохташуда” соли 2024 146 маҳаллаи шаҳр аз рӯйихат гузаронида шуд, то охири соли ҷорӣ бошад, ба ҳисоб гирифтани мулки амволи 245 маҳаллаи пойтахт ба нақша гирифта шудааст. 
Дар чорабинӣ ба саволи намояндагони ВАО оиди аз ҷониби оҷонсӣ дар кадом ҳолат рухсат дода шудани  ҳолати якҷоя кардани ҳуҷра бо балкон ё ҳуҷраҳои биноҳои серошёна ҷавобан гуфта шуд, ки дар чунин вазъият пеш аз ҳама ҳолати ин бино омӯхта мешавад, агар тарҳи пешниҳоднамудаи соҳибхона ба сутуни асосӣ ва пойдевори бино осеб нарасонад, он гоҳ рухсат мешавад. 
— Замини гирди атрофи биноҳои бисёрошёна ба ҳамаи истиқоматкунандагони он тааллуқ дорад. Аз ин ҷиҳат шахсе, ки дар ошёнаи якуми бино истиқомат мекунад, ҳуқуқ надорад замини атрофро бо панҷара иҳота карда, аз они худ кунад, барои ин ризоияти ҳамсоягон лозим мешавад, дар акси ҳол ӯ аввал огоҳонида, агар саркашӣ кунад, чорабиниҳои ҷазодиҳӣ андешида мешавад, — гуфт Ш. Абдуғаффоров.
 
Набия Нодирова,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: