Нилу мақоми «Деҳаи сайёҳӣ»-ро гирифт

Деҳаи Нилу дар қади дарёи Сангардак ва Хондизаи ноҳияи Сариосиё ҷойгир буда, яке аз масканҳои обод ва хушбодуҳавои минтақа маҳсуб меёбад.

– Ба ин хотир баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва иҷрои вазифаи коҳиши камбизоатӣ Нилу ба деҳаи сайёҳӣ табдил дода шуд. Ин ташаббус дар асоси қарори Президент аз 17 январи соли 2025 амалӣ гардид. 
Дар доираи лоиҳа дар ин деҳа соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, баҳри меҳмонон шароити мусоид фароҳам ва хидматрасонии аъло ба роҳ монда мешавад.
Ба муносибати ин чанде пеш дар Нилу бо иштироки ходимони ВАО инфо-тур ташкил карда шуд. Тамошои манзараҳои дилфиреби ин деҳаи хушманзара диққати бинандагонро ба худ ҷалб намуд. Чанори азиму қадима, чашмаи пурмуъҷиза ва дигар ҷойҳои таърихии Нилу ҳамагонро мафтун кард. 
Умед дорам, ки дар шафати деҳаҳои Сангардаку Хондиза ин маскан низ яке аз гӯшаҳои ободу зебо ва минтақаи сайёҳии дорои ҳама гуна шароит мегардад.
 
Олим ПАНҶИЗОДА,
 хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: