Ба ҷиноят ҷазо муқаррар!

Имрӯзҳо дар саросари мамлакатамон чорабиниҳои тезкори «Қорадору – 2025» муташаккилона идома дорад.

Дар асоси он ходимони боҷхона ва шуъбаи корҳои дохилии вилояти Самарқанд  дар ноҳияи Тайлоқ  амалиёти муштарак гузаронида, ҷинояти шаҳрванд А.Б-ро фош сохтаанд. Маълум гашт, ки  вай дар гармхона дар байни ниҳолҳои помидор рустаниҳои  бангдонаро низ парвариш намуда, аллакай «ҳосил» гирифта будааст. Ходимони боҷхона қариб даҳ бех рустании марговарро мусодира карда, бо иштироки холисон  баённома таҳия намуданд.
Ҳангоми кофтуков аз таҳхона низ 30 грамм нашъа ёфт шудааст. 
Ҳоло аз рӯи ҷинояти мазкур парвандаи кори ҷиноӣ оғоз гардида, ҷинояткор дар назди  қонун ҷавоб хоҳад дод. 
 
Ғайрат Сатторов, 
котиби матбуоти идораи боҷхонаи вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: