Дар ноҳияи Норини вилояти Намангон дар доираи барномаи «90 рӯзи зарбдор» корҳои муфид ба роҳ монда шудааст. Чорабиние, ки дар мактаби рақами 37-ум ташкил гардид, «Шахси бомаърифат – тарбиятгари миллат» ном дошт.
Дар тадбир роҳбари садорати таълими томактабӣ ва мактаб Аъзамҷон Исоқов, роҳбари шуъбаи маънавият ва маърифати вилоят Мусохон Аппақов, роҳбари Иттиҳодияи нависандагони вилоят Зиёвиддин Мансуров, нурониён ва фаъолони маҳаллаҳо, роҳбарони мактабҳои миёна иштирок намуданд. Иштирокчиён бо ҷараёни машғулотҳои зиёда аз 20-то маҳфил, шинос шуданд. Аз ҷумла, намунаҳо аз эҷоди рассомони ҷавон, тамошои театри лӯхтак, ансамбли «Иқтидор» ва варзишгарони ҷавон ба меҳмонон писанд омад.
Дар мактаб 1024 нафар хонанда ба маҳфилҳое, ки дар доираи лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор» гузаронида мешавад, ҷалб карда шудааст.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.