Сайёҳ ва нависандаи шинохтаи Ҷопон дар бораи Осиёи Марказӣ китобе иншо кард.
Сайёҳ ва нависандаи шинохтаи Ҷопон Азуса Шираиши дар китоби худ «Саёҳат дар саросари Осиёи Марказӣ» ба Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ назари тоза дӯхтааст.
Китоб аз ҷониби нашриёти «Tatsumi Publishing»-и Ҷопон чоп шуд ва аллакай дар Ҷопон боиси рағбати зиёд гардид, дар он оид ба фарҳанг, таърих ва имрӯзи минтақа, ба хусус Ӯзбекистон муфассал ҳикоя карда мешавад.
Алҳол расонаҳои ахбори оммавии Ҷопон, аз ҷумла нашрияҳои махсус китобро ҳамаҷониба баррасӣ мекунанд ва муаррифии онро баргузор менамоянд, хонандагонро бо назари тоза нисбати Осиёи Марказӣ шинос месозанд.
Дар асоси китоб таассурот ва андешаҳои шахсии муаллиф, ки ба саёҳаташ дар саросари минтақа дахл дошта, он бо дастгирии Кумитаи оид ба сайёҳии Ӯзбекистон соли 2023-юм ба вуқӯъ пайвастааст, ҷой доранд. Азуса Шираиши Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистонро зиёрат карда, саъй намудааст, ки фикру мулоҳизаҳои хешро нисбати ҳар кадом мамлакат иброз намояд.
Муаллиф дар муқаддимаи асари худ менависад: «Ҳар кадоми ин панҷ давлат, бо вуҷуди ҷавониашон дар арсаи ҷаҳонӣ, симои нодири худро доранд. Қазоқистон ин кишвари даштҳои васеъ ва дорои захираҳои зиёди нафт мебошад. Ӯзбекистон мамлакати зебоест, ки дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим қарор дорад, дар он ёдгориҳои нодири меъморӣ эҳтиёткорона ҳифз карда мешаванд. Қирғизистон диёри кӯҳӣ буда, дар он чорвопарварӣ инкишоф ёфтааст, мамлакат анъанаҳои зиндаи маданияти кӯчиро ҳифз менамояд. Туркманистон давлатест, ки саҳроҳои васеъ дорад, дорои захираҳои зиёди гази табиӣ мебошад. Дар минтақаи мазкур, ки халқҳои туркӣ зиёданд, танҳо Тоҷикистон дорои аҳолие мебошад, ки ба забони форсӣ ҳарф мезананд».
Дар китоб ба Ӯзбекистон ва шаҳрҳои он Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Хива эътибори махсус дода шудааст. Азуса Шираиши Хиваро «Дурдонаи Шоҳроҳи абрешим» меномад ва ҷойҳои дидании он, аз ҷумлаи Ичан-Қалъа, манораҳои Ислом-Хоҷа, Кӯҳна-Арк ва Калта-Манорро бо эҳсоси таҳайюр таърифу тавсиф менамояд.
Муаллиф нафақат меъмории назаррабои Хива, балки меҳмоннавозии самимии сокинони маҳал, истифодаи фаъоли технологияҳои замонавиро аз ҷониби куҳансолон, ҳамчунин ғановати таомҳои миллиро зикр намудааст.
Азуса Шираиши дар асараш таъкид менамояд, ки дар Ҷопон маълумот нисбати Осиёи Марказӣ ва ба хусус нашрияҳое, ки минтақаро ҳамаҷониба муаррифӣ намоянд, хеле кам ба назар мерасанд. Вай умед мекунад, ки асари ӯ дар байни ҷопониён рағбати зиёд пайдо мекунад ва ба рушди сайёҳӣ, ҳамчунин мубодилаи фарҳангии байни Ҷопон ва Осиёи Марказӣ саҳми муносиб мегузорад.
Китоби «Саёҳат дар сар то сари Осиёи Марказӣ» аз 208 саҳифа (ба ҷойи 144, ки аввал ба нақша гирифта шудааст) иборат буда, дорои маводи фарогир ва ғанӣ мебошад. Дар асар ҳикояҳои рағбатовар оид ба таърих, фарҳанг, анъана, таомҳои миллӣ, мулоқот бо сокинони маҳаллӣ ва таассуроти шахсии муаллиф аз саёҳат гирд омадаанд.
АИ «Дунё»,
шаҳри Токио.