Хӯҷамурод Қӯлдошев. Бо ин ном аз овони донишҷӯйӣ тавассути мақолаву лавҳа, гузоришу очерк, таронаву ҳикоя ва ҳаҷвияҳои хонданияш, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ва матбуоти даврии Тоҷикистон чоп мешуданд, ошноӣ доштам.
Он солҳо дар гӯшаи хаёлам наомада буд, ки рӯзгоре фаро мерасаду дар ин даргоҳи муқаддас бо ин журналист ва нависандаи хушбаён, ки бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ менавишт, кор мекунам. Мо се сол ҳамкор будем. Устод, одате дошт, ки ба мақола, очерк ва ҳикояҳояш, пеш аз он, ки ба анҷом расанд, номи ҷолибе мегузошт. Ақида дошт, ки қабл аз ҳама номи ҳар як навишта бояд хонандаро мутаваҷҷеҳ созад. Қабл аз он, ки ҳикояеро дар рӯзнома эълон намояд, аз наққош-ороишгари рӯзнома хоҳиш мекард, ки сарлавҳаи онро бо тасвире аз сужаи он оро диҳад. Сарлавҳаи муҳташам гоҳе ҳафтаҳо рӯйи мизи кориаш «хоб мекард». Вақте суол мекардем: «Устод, номи ҳикоя омода аст, онро кай мехонем?» Бо табассум ҷавоб медод: «Дар майна кор мехӯрад, пазад рӯйи «дасторхон» мегузорам...»
Дареғ, умри устод бақо накард, вақте ҳамагӣ 44 сол дошт, соли 1992, бар асари беморӣ ин дунёро падруд гуфт. Орзуи чопи китоб ва таълифи ҳикояву қиссаҳои навро бо худ бурд.
Ҳамсари ӯ – апаи Шодмоной низ, ки ҳамсабақи донишгоҳиаш буд, бо мо кор мекард. Боғи сарсабзи оилаи хушбахти онҳо аз чашмаи поки ишқу муҳаббаташон маншаъ мегирифт. Бино ба иқрори устод апаи Шодмоной нахустин хонандаи ҳикояҳояш будааст.
Воқеан, ҳикояҳои акои Хӯҷамурод, ки баъди «дар деги сар пухтан» ба дасти чоп мерасиданд, заминаи ҳаётӣ доштанд. Онҳоро нафаре менавишт, ки таҷрибаи ҳаётӣ дорад. Аз банду баст ва талаботи, дар назари аввал осон, вале меҳнатталаби жанри ҳикоя огоҳ аст, суханаш бори маънӣ мекашад, таъбиру ибора, мақолу зарбулмасал ва суханони ҳикматомези халқиро дар мавридаш ба кор мегирад...
Хонанда ба ин гуфта баъд аз мутолиаи китоби бо саъю эҳтимоми ҳамсари вафодору фарзандони қобил чопшудаи устод, ки чанде қабл таҳти унвони «Бо ту, вале танҳо», «Сабоқ» аз тариқи нашриёти «Муҳаррир»-и пойтахт чоп шуд, бовар мекунад. «Бо ту, вале танҳо» 23 ҳикояи тоҷикӣ ва қисми дуюми он – «Сабоқ» 11 ҳикояи ӯзбекии шодравонро дар бар дорад.
Боре дар як суҳбат апаи Шодмоной изҳор дошт, ки китоби Хӯҷамурод бояд 34 сол қабл чоп мешуд. Дар арафаи ба нашр омодакунӣ мошиннависи он аз хона ғайб зад. Он кас, мисли ин ки фарзандашон гум шуда бошад, сахт ба изтироб афтоданд. Агар маҷаллаю рӯзномаҳое, ки дар онҳо ҳикояҳояшон чоп шуда буданд, нигоҳдорӣ намешуданд, китоби «Бе ту, вале танҳо», «Сабоқ» рӯйи чопро намедид.
Бале, агар ба ҷойи апаи Шодмоной бонуи бемаърифате будӣ, ҷойи маҷаллаю рӯзномаҳо ё партовқуттӣ буд, ё ба макалатура супорида мешуданд. Дар рӯзгоре, ки аксарият ба китобу китобхонӣ рӯйи эътибор намегардонанд, иқдоми апаи Шодмоной – пиёда кардани орзуи шавҳар шоистаи таҳсин аст.
Рӯзи аз нашриёт гирифтани китобҳо писарашон Шамшод ва духтарашон Хуршеда низ дар паҳлӯйи модар буданд. Китоб бо сифати баланд чоп шуда буд. Дидам, ки дар ҳалқаи чашмони апаи Шодмоной ва Хуршеда ашк давр зад, Шамшод ба риққат омад. Ин ашки шодӣ буд...
Фикр мекунам, ҳикояи «Сабақ»-и нависанда яке аз ҳикояҳои беҳтарини ӯст, ки бо чунин суханон оғоз меёбад: «Ин ҳикояи «муфт»-ро аз роҳ ёфтам. Дар дафтарчаи хушрӯе бо ҳарфҳои хоно бо ҳавсала навишта шудааст. Рости гап, ҳикояи ибратбахш. Бо умеди он, ки шояд ба шумо ҳам писанд ояд, ба чопаш ҷуръат кардам...».
Оғози пазиро. Ҳикояро аз роҳ ёфтам, ба он маънист, ки нависанда онро аз роҳи ҳаёт ёфта, аз фарти хоксорӣ, «ба чопаш ҷуръат» кардааст. Ҳикояи фалсафии таронагуна мавзӯи ишқи беолоиши инсонӣ, садоқат, иффат, қаноат, чашмтангию молпарастӣ, одамгарию ноодамиро дар бар дорад.
Собир ҳамсари идеалӣ дорад: содиқ, меҳрбон, бурдбор, баиффат, қаноатпеша, фурӯтан, дасткушод. Ин суханони Собир аст, ки дар сифати ҳамсараш мегӯяд: «Даҳ сол аст, ки бори гоҳ сабуку гоҳ вазнини зиндагиро баробар мекашем. Аммо ягон бор нашунидаам, ки аз ин боркашӣ ба танг омада, нолида бошӣ... Кори ту, рафтори ту, гуфтори ту ба ман рӯҳ мебахшад. Ба назарам садду монеҳо ҳеч менамоянд...».
Дӯсти Собир – Ҳалим ҳамсаре дорад: хасис. дунёпараст, шартакигӯй, ҷанҷолӣ, дурушт, пурминнат. Ҳалим аз хати кашидаи зан берун намебарояд.
Собир барои кулли фазилатҳояш аз ҳамсар шукргузор аст, зеро вақте дӯсташ – Ҳалим дар хонаи ӯ меҳмон мешавад, бонуи хона бо чеҳраи кушод пешвоз мегирад.
Рӯзе Ҳалим бо пофишориҳои зиёд Собирро ба хонааш мебарад. Дарро ба рӯйи онҳо ҳамсараш, ки ба чашмонаш сурма мекашид, нохуш пешвоз мегирад. Чашмонаш ҳамсару Собирро хурам мегуфтанд. Саломи Собирро зери лаб алек мегирад. Вақте онҳо вориди хона мешаванд, Собир худро дар музейи маводи атиқа тасаввур менамояд. Дар рӯйи сервантҳои дурахшони финӣ болои ҳам зарфҳои хурду бузурги булӯрии чехӣ чида шуда буданд, деворҳоро қолиҳои пурбаҳои эронӣ, шифтро қандили гаронбаҳои хориҷӣ оро медод.
Бино ба гуфти Ҳалим ҳамсараш аз масъулони кадом як мағоза будааст. Дар рафти суҳбат чашми Собир ба ҳамсари дӯсташ меафтад, ки ба Ҳалим тунд менигарист. Вақте Ҳалим бо ишораи зан ба ошхона мегузарад, бо ситеза ҳарф заданҳои бонуи хона гӯши Собир мерасад:
– Меҳмона ба ягон муносибат даъват мекунанд. Рӯзи таваллуд, худоӣ, тӯю сур ... Ту меҳмонро ба кодом муносибат даъват кардӣ? Агар моҳонаатро сарфи меҳмон кунем, бачагон санга мехӯранд? Ёфтан мушкил, ба бод додан осон».
«Чашми дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр». Дар ҳаёт кас ба чунин манзараҳо бисёр дучор меояд. Вале боварибахш пеши назарҳо намудани онҳо кори нависанда мебошад...
Умед аст, ки китоби мавриди назар ба хонандагон ва алоқамандони адабиёт писанд меояд. Рӯҳи устод шод ва манзили охираташ обод бод!
А. Субҳон.