Дар Қарокӯл «Маскани оила ва занону духтарон» ба истифода супурда шуд.
«Маскани оила ва занону духтарон»-е, ки дар назди шуъбаи Оила ва занону духтарони ҳокимияти ноҳияи Қарокӯл созмон дода шудааст, ба таҳким бахшидани ҳисори муқаддас, дастгирии ҳамаҷонибаи занону духтарон, афзун гардондани фаъолияти иҷтимоии онҳо хидмат мекунад.
Дар чорабинии ба ин муносибат рӯйикоромада масъулони ноҳия, занону духтарони фаъол ва намояндагони ҷомеа ширкат ҷуста, ҳамаро бо иншооти нави иҷтимоӣ табрик гуфтанд.
Дар маскани мазкур ба ҳозирин доир ба машғулотҳои таълимие, ки фаъолият доранд, маслиҳатхонаҳои тиббӣ, психологӣ, ҳуқуқӣ, курсҳое, ки дар онҳо касбу ҳунар ва асрори соҳибкорӣ омӯзонида мешаванд, сехи дӯзандагӣ ва китобхона маълумоти муфассал дода шуд.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.