Агар хоҳем сабур бошем...

Пас аз хондани мақолаи «Чаро одамон торафт бесабр мешаванд?»-и Ф.Фарҳодзод дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (6-уми июни соли 2025, №46), чанд лаҳза ба фикр рафтам. Чунки он ҳолате, ки баррасӣ шудааст, барои ман ҳам бегона набуд. На як бору ду бор, балки борҳо шоҳид шудаам, ки одамон дар навбат ноором мешаванд, якдигарро эҳтиром намекунанд, ҳатто бо ҳам ба низоъ мераванд.

Воқеан, сабр кардан кори осон нест. Аммо вақте мебинем, ки пиронсолон, модарони кӯдакдор бе ягон моҷаро соатҳо дар навбат меистанд, мо бенавбат ворид шавем, магар айб нест?

Албатта оне, ки аз пайи зудтар анҷом додани кори худ навбатро риоя намекунад, дар назари дигарон беодоб ва худписанд менамояд. Оё чунин рафтор дуруст аст?

Дар мақола қайд шудааст, ки «Дар навбат истодан ҳам аз сатҳи маданият ва маърифати одам гувоҳӣ медиҳад». Дар ҳақиқат, сабр танҳо интизорӣ нест, балки эҳтиром ба дигарон аст. Агар ҳар кас танҳо манфиати худро фикр кунад, пас ҷамъият ба чӣ ҳол рӯ ба рӯ мешавад?

Имрӯз дар аксар муассисаҳо навбати электронӣ, рӯйхат, тартиб ва одоб ҳаст, вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам аксар онро нодида мегиранд.

Агар хоҳем, ки зиндагӣ ба маром афтад, бояд ислоҳро аз худ оғоз намоем, рафтору амалҳои худро ба тартиб биоварем, сабр кунем, эҳтиром гузорем ва дигаронро низ дарк кунем.

Муаллиф дуруст мегӯяд, ки сабр кам шуда истодааст. Аммо чаро? Зиндагӣ ба назар гӯё шитоб пайдо кардааст, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мо одатеро такмил додаанд, ки мехоҳем ҳама чизро зуд ба даст орем, ҳама корамон фаврӣ анҷом ёбад, муошират ва гуфтугӯи хубу пайваста миёни мардум камтар шудааст – фикр мекунам инҳо омили асосии ин иллатанд. Пештар одамон бо ҳам менишастанд, сӯҳбат мекарданд, масъалаҳои мухталифро маслиҳат менамуданд. Имрӯз бошад, бисёриҳо дар телефон гап мезананд, аммо бо якдигар кам дар мулоқот мешаванд.

Ғайр аз ин, яке аз омили асосие, ки сабр аз тинати инсонҳо рабудааст, кам мутолиа намудани китоб низ мебошад. Аммо сабрро танҳо бо панду насиҳат касе намеомӯзад, он аз кӯдакӣ тарбия мешавад. Ва беҳтарин тарбиятгар китоб аст. Китоб инсонро ба сабр намудан меомӯзад, ба андеша водор мекунад, дар тинат эҳсоси эҳтироми дигаронро тарбият менамояд.

Агар хоҳем, ки босабр бошем, аввал бояд маърифати худро ташаккул диҳем ва албатта маърифат бе китоб намешавад.

Муаллиф дар охир ба хулосае меояд, ки сабр кардан худ як ҳунар аст. Ӯ мақолаи худро бо чунин шоҳбайт анҷом медиҳад:

Ба сабр аз корҳо берун равад банд,

Шавад най шаккару, шаккар шавад қанд.

Ин маънои онро дорад, ки агар сабр кунем, корҳо беҳтар мешаванд, мисли он ки аз найи талх, шакар ҳосил шавад.

Пас биёед, мо ҳам кӯшиш кунем, ки дар зиндагии ҳаррӯза каме сабуртар бошем. Охир сабр нишондиҳандаи ақлу маданияти воло аст.

Ш. ЙӮЛДОШЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: