Дар ин навишта доир ба одаму одамгарӣ, шараф, садоқатмандиву вафо, ҳимматбаландӣ, гурез аз маслиҳатҳои фитнаангез, ки баҳри инсони комил шудан хидмат мекунанд, сухан меравад.
Андешаҳо дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ба мо кӯмак мерасонанд. Танҳо шумо нестед, ки ба рӯзҳои сахти зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаед. Барои хушбахт шудан хушбин будан кифоя аст. Беҳуда намегӯянд: «Нияти нек – ними давлат».
Дар навбати аввал шумо ҳаётатонро ба нақша дароред. Роҳи муросоро ҷӯед. Ин мабод, ки агар тухми низоъро кишт кунед, ҳаргиз ба даст овардани зиндагии осоишта ва саодатмандиро орзу накунед. Баъзан инсонҳоеро вомехӯрем, ки хушбахтанду боз ҷӯёи бахту давлат. Инчунин, нафаронеро мебинем, ки худро чунон соҳиби бахту саодат вонамуд мекунанд, ки ҳадду канор надорад.
Шахсонеро низ вомехӯрем, ки дар дил орзуи пули бисёр доштанро намепарваранд, зеро ба андешаи онҳо бахти ҳақиқӣ ба сарват иртиботе надорад.
Нафароне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ман агар духтари миллионерро мегирифтам, албатта, соҳиби бахту давлат мешудам» ё «Ман ба писари Мирзоамаки бой мерасидам, хушбахт мешудам». Куҷо шуд шарафи инсонӣ, ақлу фаросат?
Дареғ, ки ҳама саодатмандиро ба маънои аслиаш дарк мекунанд. Зеро аксарият худбин ҳастанд. Имрӯзҳо худбинӣ чун бемории бедаво паҳн гаштааст.
Шумо аввал роҳи эҳтироми одамонро пайдо кунед. То замоне, ки атрофиёнатонро қадр намекунед, ба қуллаи мурод намерасед.
Гулчеҳра Ҳалимова,
шаҳри Самарқанд.