Гардиши гардун

Писарам баъди ба камол расидан, ба духтаре ошиқ шуд. Шабу рӯз роҳи ӯро мепоид. Ба модараш гуфтааст, ки ба ӯ издивоҷ мекунад. Бояд тӯй дабдабанок шавад.

Вақте занак ба ман инро гуфт, хомӯш мондам. Баъди чанде бо писарам ҷанги даҳанакӣ кардем. «Ман медонистам, шумо барои ман тӯйи калон барпо карда наметавонед. Дар поёни баҳс ин гуфт ва дарро сахт пӯшида баромада рафтанӣ шуд. Ин гапаш ба ман сахт расид. Ба ивази қарз ман ӯро бояд хонадор кунам. Гуфтамаш! «Хоҳӣ дар рӯзи таваллудат он парирухсорро ба ту туҳфа месозам». Ӯ якбора оташ гирифт: «То рӯзи таваллуди ман даҳ рӯз монду халос. Монед, ҳамин шӯхиҳои бемавриди худро»! Вай бо як ситезаи ғайриодӣ дасташро афшонду аз хона баромада рафт. Ӯ рост гуфта буд. То рӯзи таваллудаш даҳ рӯз монда буду халос.
Бо зан гапро дар як ҷой монда қарзи калон бардоштам. Ба ман шогирди падарам, сардори корхонаи хусусии «Мармар» Ҷумъақул пули як говро туҳфа кард. Гуфт: «Барои шумо не, барои устодам – падаратон Мирзо Кенҷаев». Дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Зеро фикр мекардам, ки падари омӯзгорам ба мо ҳеч чиз мерос нагузошта буд. Вале ин тавр набудааст. Баъди он фаҳмидам, ки падарам барои мо шогирдони бебаҳое мерос гузошта будааст.
Хуллас, тӯй барпо шуд. Шодиву хурсандии хешу таборон ҳадду канор надошт. «Шоир пули калон ҷамъ карда будааст» гӯён байни ҳамдигар суҳбат мекарданд дӯстону наздиконам. «Ҳа, охир чанд сол аст дар Тирмиз кору зиндагӣ мекунад, пулу моли зиёд ғундошта будааст-дия» писханд мезад дигаре. Ман ҳам дар қатори онҳо худро беҳад шод вонамуд мекардам...
Ҳатто ҳамсинфи сармоядорам Собир Шодӣ баъди тӯй маро дар кӯча нигоҳ дошта нимҳазлу нимҷиддӣ гуфт: «Шоир, ҳар вақте ки бо шумо вохӯрем, дӯстамон бо як пули мухбирӣ азоб кашида гаштааст гуфта, ба шумо зиёфат меоростем. Китобе бардошта оред, мехаридем, ба чопи китобҳоятон пул мегузарондем. Дар тӯятон иштирок карда, минбаъд ба шумо ёрӣ доданро қатъиян манъ кардем. Зеро тӯйе, ки шумо барпо кардед, аз тӯйи ягон бойбача кам набуд. Шумо худро нодор вонамуд карда, фақат пул ғундошта будаед-дия». 
Феълу хӯйи писарам баъди ба корҳои умури дохила гузаштан рӯз то рӯз дигар мешуд. Пеш аз хонадоршавӣ гуфта буд: «То кай дар ҳуҷраи дуутоқа зиндагӣ мекунед. Ягон ҳавлии кори калон ҳам насохтед». Ин гуфтаҳояш низ ба ман сахт расида буд. Вале вақте ки ӯ нозир шуда ба кор гузашт, куллан тағйир ёфт. Ҳатто худаш ба таъмири хонаҳо мепардохт. Мегуфт, ки ба ҳар ҳол мо аз баъзеҳо зиндагии солим дорем. Ҳайрон мешудам. Ҳамсараш низ ба кор даромад. Ду писару ду духтардор шуд. Худо дурӯғгӯй накунад, аз ман ягон сӯм пул намепурсид. Аробаи рӯзгорро худ мекашид. Мову модараш ба нафақа баромадем. 
Писари калонии ӯ ба панҷ қадам мегузошт. Гуфтам, ки бояд тӯяке барпо карда, дасти писарчаашро ҳалол намоем.
– Не,– гуфт бо қатъият писарам. 
– Чаро? – пурсидам лолу ҳайрон монда. 
– Ман молу маноли ғундоштаамро ба як рӯз сарф кардан намехоҳам.
– Ман ҳам нигоҳ карда намеистам. Ёрдам мекунам, – гуфтам ба ӯ.
Вай назди ман омад ва сарашро хам карда, бо чашмони ашколуд гуфт: 
– Падар, маро бубахшед. Ман густохӣ кардам. Баъди хонадору соҳиби кор шудан, донистам, ки зиндагӣ паҳлӯ ва пастиву баландиҳои зиёд доштааст. Ман дертар донистам, ки аз қарзи тӯйи ман дар давоми се-чор сол базӯр халос шудаед. Намехоҳам тӯйу дабдабаҳои беҳударо. Агар он вақт ақли имрӯзаам мешуд, ҳаргиз аз шумо тӯйи пурдабдабаро талаб намекардам...
Аз ин суханони писарам дар ҳалқаи чашмони ман ҳам ашк давр зад. Ашки гунгу безабон...
 
Искандар Мирзо,
ш. Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: