Аввали соли 1958 дар хонадони сокинони Маҳаллишерони (мардум Маҳаллишерӣ мегӯянд) музофоти Вардонзеи бостонӣ – Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҷӯинав»-и ноҳияи Шофиркон Гулираъно ва Ботур Темировҳо фарзанди сеюм ба дунё омад. Ӯро Алимурод номиданд.
Вай дар калонтарин мактаби миёнаи тоҷикии вилоят ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мехонду вақтҳои холӣ беихтиёр сӯйи Қӯрғони Вардонзе роҳсипар гардида, ба омӯхтани таърихи он рағбат зоҳир мекард. Ҳар як хишти хароба барояш ғайриодӣ ва асроромез метофт. Вақте Алимурод дар синфҳои болоӣ таҳсил мегирифт, ба кори падар–кишту парвариши пахта кумак мекард. Соли 1975 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро супурд. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашта, донишҷӯ гардид, вале дар ин бора ба аъзои оила чизе нагуфт. Танҳо ҳангоми ба пахтачинӣ ҷалб шудани донишҷӯён онҳо аз ин муваффақияти фарзандашон огоҳ гардиданд.
Баъди мактаби олӣ соли 1979 фаъолияти омӯзгории Алимурод дар таълимгоҳи азизаш оғоз ёфт. Вай тайи солҳо чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошт. Ҳамдеҳагон мехостанд, ки соҳиби боғчаю таълимгоҳи худӣ бошанд, роҳи фарзандони хешро наздик кунанд. Дар ин бобат ба онҳо Алимурод мададгор гардид. Баҳори соли хониши 1997-1998 дар ҳаёти деҳа воқеаи таърихӣ рух дод. Мактаби миёнаи тоҷикии рақами 54-ум ба кор сар кард. Алимурод Темиров чун омӯзгори фаъол баҳри болоравии сифати таълиму тарбияи бачагони деҳа азму кӯшиш кард. Соли хониши 2012-2013 сарварии мактабро ба зиммаи ӯ гузоштанд. Дар давоми як соли роҳбарӣ дар мактаб дигаргуниҳои сифатӣ ба амал омаданд. Мувофиқи ҷамъбасти сол таълимгоҳ аз ҷойи 42-юм якбора ба ҷойи 11-ум баромад. А. Темиров ҳамчун мутасаддии маҳфили кишваршиносӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо шогирдони худ иштирок карда, сазовори ҷойи аввал ва ифтихорнома гардид.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин давра китобчаҳои аввалини 4 нафар узви маҳфил – чакидаҳои эҷодии насрию назмии талабагони синфҳои тоҷикию ӯзбекӣ аз чоп баромаданд.
– Бо вуҷуди куллан тоҷик будани аҳолии деҳа ва мавзеъҳои гирду атрофи он соли 2013 мактабро охирин синфи тоҷикӣ хатм кард. Ҳол он ки замоне дар ноҳия 13 мактаби тоҷикӣ фаъолият доштааст – мегӯяд Алимурод.
Соли 2017 Темиров ба нафақа баромада бошад ҳам, ду соли дигар дар таълимгоҳ ҳамчун корманди эҷодию фарҳангӣ кор кард.
Гуфтан ҷоиз аст, ки вай солҳои 2007-2010 ҳамчун омӯзгори фаъоли пуртаҷриба шомили комиссияи корӣ оид ба интихоби китобҳои дарсӣ гаштааст.
Ҳанӯз солҳои мактабхонӣ аввалин хабари ӯ дар рӯзномаи ноҳиявии «Шофиркон ҳақиқати» чоп шуд, ки дар бораи ғалабаи пахтакорони деҳааш буд. Ин дастовард ӯро рӯҳбаланд кард ва ба арсаи эҷод кашид. Минбаъд чакидаҳои қалами вай дар «Пионери Тоҷикистон», «Машъал», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва ғайра чоп шуданд. Ҳамин минвол мухбири ҷамоатӣ ҳамкориро бо матбуоти даврӣ ва радио вусъат дод. Лозим омад, ки қариб даҳ сол баъд аз тадрис дар таҳририяти радиошунавонии ноҳия низ кор кунад, мардуми ноҳияро аз тариқи радио бо навгониҳои ҳудуд огоҳ созад. Ҳамкорию ҳамнишинӣ бо аҳли қалам Алимуродро водор намуд, ки ҷиддан ба эҷод рӯ оварда, дар мавзӯъҳои гуногун иқтидори хешро санҷад. «Раҳмат ба ту, Алифбо», чунин ном дошт дастурамали услубие, ки барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо ҳамкории профессорони Донишгоҳи давлатии Бухоро Юнус Азимов, Қаҳрамон Тӯхсанов таълиф намуда, онро соли 2000 аз чоп баровард. Худи ҳамон сол китоби дигари вай дар бораи таърихи Вардонзе «Вардонзе ҳайрати» рӯйи чопро дид. Ҳамин тариқ, рисолаву китобҳояш «Ҳаётий сабоқлар» (оид ба масъалаҳои тарбияи шарқона, «Бухоро», 2004), «Ассалом ҳаёт» (маҷмӯи ҳикоя ва шеърҳо, Тошканд, «Муҳаррир», соли 2011), «Саҳродаги қизил гул», («Бухоро», 2014), «Шоҳнома» ва «Тӯронзамин таърихи» (тарҷумаи насрии достони «Сиёвуш» дар асоси тафсири насрии Шоҳнома»-и Сотим Улуғзода, «Бухоро», 2014), Қуёшни уйғотган деҳқон», «Бухоро», 2024) ва ғайра чоп шуданд.
Тавре дар боло таъкид ёфт, Алимурод фарзанди деҳқон аст. Зотан деҳқонӣ касби олиҷаноб буда, кишоварз на фақат барои аҳли оилаи худ, балки барои дигарон низ ризқу рӯзӣ, нозу неъмат фароҳам меорад. Омӯзгори ҳимматбаланд соли 1996 аз поёни зиёратгоҳи «Бибикабудпӯш» 2 гектар замин гирифта боғу токзор бунёд кард. Якҷо бо аҳли оила – ҳамсар, се духтару писараш Юсуф заҳмат кашид. Дар натиҷа дар истеҳсоли 13 намуди ангур муваффақ гардид.
Алимурод шод аст, ки туфайли меҳнат софдилона хурду калони хонадон ба касе муҳтоҷ нестанд, баръакс зиндагии серу пур доранд. Узви Академияи Тӯрон Алимурод Темиров, ки дилбохтаи сарзамини куҳани аҷдодист, баҳри омӯхтани таърихи он кӯшиш мекунад, то ҳол ба унвонҷӯён, кормандони ВАО бобати омӯхтани таърихи Вардонзе кумак мерасонад.
Боиси хурсандист, ки Алимурод Темиров солҳои охир бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамкорӣ дорад, бар хилофи онҳое, ки «хомӯш» шудаанд, меҳри беандозаашро нисбати забони модарӣ ва рӯзномаи тоҷикӣ зоҳир мекунад. Ба «Шофиркон овози» низ матолиби тоҷикӣ фиристода, дузабона будани ин рӯзномаро хотирнишон месозад.
Мо журналист ва хабарнигору адибу хушқалам Алимурод Темировро бо Рӯзи кормандони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ муборакбод намуда, ба эҷодиёт ва фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно дорем.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.