Сухан н-ояд агар аз дил...

Ватан

Шомҳоятро саҳар донам, Ватан,
Санги Соятро гуҳар донам, Ватан.  
Ҳиммати мардони майдони туро,
Дар баландӣ чун Лазар донам, Ватан.
Ҳар ваҷаб хоки гулафшони туро,
Ҷаннати ин баҳру бар донам, Ватан.
Дур монам з-аршу фаршат лаҳзае,
Хешро беболу пар донам, Ватан.
Пайкари мардони майдонӣ, ба ту
Баста худро чун ҷигар донам, Ватан.
 
Ҳарф резину расан нест
 
Суханро рӯ ба ҷон бошад, ба тан нест.
Сухан н-ояд агар аз дил, сухан нест.
Бинолад талх гаҳ дар гулшани зист,
Суханвар гарчи худ мурғи чаман нест.
Макаш асло суханро бар дарозо,
Бидон, ки ҳарф резину расан нест.
Луғатдонӣ беҳин илм аст, донӣ,
Ки аз ин жарфтар як илму фан нест.
Бипӯшон ҳар чи хоҳӣ бар сухан, лек
Варо зебанда ҷуз атлас, чакан нест.
Чӣ шеър аст он, бигӯ бо ман, чӣ шеър аст,
Ки дар он ишқи ин зебо Ватан нест.
 
БА МОДАРАМ
 
Ғаму ташвиши олам бар сари ту,
Дили пур аз муҳаббат дар бари ту.
Агар дарде биёзорад тани мо,
Шавӣ оташ, саропо даргирӣ ту.
Зани ҳамсоя чун нолида ояд,
Шавад ҳамдарди ӯ чашми тари ту.
Ҳама ҳамдеҳагонро дӯст донӣ,
Бигунҷад пиру барно дар бари ту.
Аё модар, дар олам беназирӣ,
Ба чашмам тӯтиё хоки дари ту.
 
Равшани Муъмин,
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: