Имкониятҳои иловагии вилояти Ҷиззах муаррифӣ шуданд

Дар тамоми минтақаҳои мамлакат ҷиҳати пурра ба кор даровардани имкониятҳо чораҳо андешида мешаванд.

31 декабри соли гузашта қарори Президент дар бораи суръат бахшидан ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Ҷиззах қабул гардида, масъалаҳои зарурӣ ҳал гардида буданд. Бахусус, дар он чорабиниҳои ҷалби 2 миллиард доллар сармоя, ба 285 миллион доллар расонидани ҳаҷми содирот ва соҳиби ҷойи кор намудани 168 ҳазор нафар дар соли 2025 муайян гардида буд.

Ин вазифаҳо пай дар пай иҷро мешаванд. Дар шаш моҳи сипаришуда дар саноат, хидматрасонӣ ва кишоварзии Ҷиззах 200 лоиҳа татбиқ гардид. Ба вилоят 662 миллион доллар сармоя ворид шудааст.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани натиҷадорӣ, дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах низ “Ситоди ислоҳот” ташкил шудааст.

Сарвари давлат дар ҷараёни сафар бо муаррифии лоиҳаҳои нав, ки татбиқи онҳо дар вилоят пешбинӣ шудааст, шинос шуд.

Бахусус, “Агромарказ” таъсис ёфт, ки дар асоси тамоюли “равзанаи ягона” тамоми хидматрасониҳои кишоварзиро дар як ҷо муттаҳид мекунад. Андешидани равандҳои нав ҷиҳати афзунсозии ҳосилнокӣ ба сифати маҳсулоти озуқа дар вилоят таъсири мусбат расонида, барои даромади бештар ба даст овардани аҳолӣ имкон фароҳам менамояд.

Вилояти Ҷиззах дар рушди картошкапарварӣ чун замина муайян мегардад. Ҳоло дар нуқтаи таҷрибаи илмии Зомин, 12 навъи нави тухмии картошка, ки ба селексияи дохиливу хориҷӣ тааллуқ доранд, парвариш меёбанд.

Одатан, барои парвариши тухмии картошка 6–7 сол ва 8 марҳила лозим мешавад, аммо тибқи пешниҳоди нав ин раванд то ба 4 марҳила коҳиш ёфта, дар 2 сол омода карда мешавад. Дар ин раванд аз навъҳои нави селексияи картошка 12 тонна тухмии “супер элита” ба хонаводаҳо ройгон дода мешавад. Дар натиҷа 120 тонна тухмии “яккачин”-и картошка истеҳсол мегардад.

Инчунин, кишти зироатҳои лӯбиёгӣ, бунёди стансияҳои обкашӣ ва қубурҳои магистралӣ дар канали ноҳияи Зарбдор низ пешбинӣ шудааст.

Табиати рангоранг, кӯҳистону биёбонҳои Ҷиззах имкони саёҳатро дар тамоми фаслҳои сол фароҳам меоранд. Минтақаи сайёҳӣ-рекреатсионии “Зомин”, фурудгоҳи Зомин ва роҳҳои нав ин имкониятҳоро васеътар намудаанд. Дар канори 6 канали бузург сайргоҳҳо ташкил гардиданд. Акнун, дар канори соҳилҳои кӯлҳои “Айдар-Арнасой” низ маркази замонавии сайёҳӣ бунёд мегардад.

– Мо кӯшиш дорем, ки саноатро ба ноҳияҳо ворид намуда, мардумро соҳиби кор намоем. Дар ҷойҳое, ки қаблан дашт буд, ҳоло корхонаҳои замонавӣ пайдо шудаанд. Мардуми мо аз ҳунар, аз замини наздиҳавлигии худ даромад ба даст меоранд. Аммо ин натиҷаи имрӯза аст. Насли нав ба камол мерасад, донишу талаботи ҷавонон афзоиш меёбад. Барои кор, зиндагии шоистаи онҳо бояд аз ҳозир шароит муҳайё намоем. Агар аз имкониятҳо дуруст истифода бурда шавад, ноҳияи Зомин метавонад минтақаи бидуни бекорӣ гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Маълум аст, ки дар маркази нави ноҳияи Кӯкдала Қасри фарҳанг, мактаби санъат, мактаби таълими умумӣ ва маҷмааи варзишӣ паҳлӯ ба паҳлӯ бунёд мешаванд. Сарвари давлат барои бачагон мусоид будани онро ёдовар намуда, зарурати истифодаи онро дар лоиҳаҳои оянда таъкид карда буд. Акнун дар асоси ҳамин таҷриба, дар ноҳияи Зомин низ бунёди Қасри фарҳанг ва Мактаби санъат ба нақша гирифта шудааст. Қасри фарҳанг барои 300 ҷой пешбинӣ шуда, ба зиёда аз 45 ҳазор нафар аҳолии маркази ноҳия хидмат мерасонад. Дар ин ҷо дастаи фолклорию этнографии “Зомин сайқали” ва 13 маҳфил фаъолият хоҳанд кард.

Ба масъулон аз рӯйи иҷрои ин нақшаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ вазифаҳо дода шуданд.

Бо ҳамин сафари Президент ба вилояти Ҷиззах анҷом ёфт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: