Дар бораи чораҳои таъмини иҷрои созишномаҳое, ки дар чорчӯби ҷамъомади навбатии шӯрои сармоягузорони хориҷӣ ба даст омадаанд

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади таъмин намудани татбиқи пешниҳодҳо ва ташаббусҳое, ки дар ҷараёни ҷамъомади сеюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 11 июни соли 2025 баргузор шуд, баён гардидаанд, қарор мекунам:

I. Татбиқи системавии пешниҳод ва ташаббусҳои баёнгардида

1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:

а) Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи пешниҳодҳо ва ташаббусҳое, ки дар ҷамъомади сеюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баён гардидаанд, мувофиқи замимаи № 1;

б) Ҳайати таҷдидшудаи тарафи ӯзбекии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мувофиқи замимаи № 2.

(i) Дар баробари ин, ба Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ (минбаъд – Шӯро) ҳуқуқ дода мешавад, ки гурӯҳҳои кориро аз рӯи самтҳо дар назди худ ташкил намояд, инчунин ба ҳайати онҳо роҳбарон (кормандон)-и вазоратҳо ва идораҳоро ҷалб намояд.

II. Такмил додани фаъолияти Котибияти Шӯро ва гурӯҳҳои корӣ

2. Бо пешниҳоди зерини аъзои Шӯро ва муассисаҳои молиявии байналмилалӣ розигӣ дода шавад:

а) ташкили Котиботи Шӯро ҳамчун ташкилоти ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ ва ҷалб намудани муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ба узвияти он;

б) таҳияи пешниҳодҳо аз ҷониби Котиботи Шӯро ҷиҳати беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ дар кишвар тавассути ҳамкории бевосита бо сармоягузорони хориҷӣ, инчунин мусоидат ба ҷалби сармояҳо барои татбиқи лоиҳаҳо;

в) ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯро аз ҷониби Котиботи он дар робита бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин гузаронидани машваратҳо бо намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ оид ба масъалаҳое, ки дар ҷамъомадҳои Шӯро муҳокима мешаванд;

г) ворид намудани маълумот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Котиботи Шӯро ва гурӯҳҳои корӣ ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони  Вазирон оид ба ҷамъбасти ҳар семоҳа.

3. Вазифаҳои гурӯҳҳои корӣ инҳо муайян карда шаванд:

а) баррасии ҳармоҳа дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯро ҷараёни иҷрои корҳое, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои дар замимаи № 1 ба қарори мазкур оварда шудааст;

б) иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ равона шудаанд.

III. Ҷорӣ намудани низоми иттилоотии «Платформаи ягонаи сармоягузорӣ»

4. Ба зиммаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳое, ки дар бунёди оинномавии онҳо ҳиссаи давлатӣ 50 фоиз ва аз он зиёдро ташкил медиҳад, барои инҳо ҷавобгарии шахсӣ гузошта мешавад:

а) анҷом додани корҳои ҳамгироӣ мувофиқи ҷадвал тибқи рӯйхати низомҳои иттилоотӣ, ки бояд бо системаи иттилоотии «Платформаи ягонаи сармоягузорӣ» ҳамроҳ карда шаванд;

б) ба системаи иттилоотии «Платформаи ягонаи сармоягузорӣ» ҷойгир намудани лоиҳаҳои мушаххас ва истиқболнок дар шакле, ки Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо тасдиқ кардааст.

5. Муовини Сарвазир Ҷ.А. Хӯҷаев дар муҳлати як ҳафта вазифадор карда мешавад, ки механизм ва ҷадвали ҳамгироии низомҳои иттилоотие, ки тавассути онҳо хидматҳои давлатӣ расонида мешаванд, бо низоми иттилоотии «Платформаи ягонаи сармоягузорӣ» тасдиқ намуда, муҳлатҳо ва шахсони масъулро мушаххас намояд.

IV. Ташкил, таъмини иҷрои қарор ва назорат

6. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳуриявӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагӣ вазифадор карда мешаванд, ки татбиқи самаранок, бечунучаро ва босифати пурраи пешниҳодҳо ва ташаббусҳои дар Нақшаи чорабиниҳо пешбинишударо, ки дар замимаи №1 ба қарори мазкур нишон дода шудааст, дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

7. Ба намояндаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Ю.Мағрупов, муовинони Сарвазир Ҷ.А. Хӯҷаев ва Ҷ.А.Қӯчқоров, инчунин Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо супорида шавад:

а) мониторинги мунтазам ва бонизом, инчунин назорати қатъиро аз болои татбиқи саривақтӣ ва босифати пешниҳодҳо ва ташаббусҳое, ки дар ҷараёни ҷамъомади сеюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ баён шудаанд, ба роҳ монанд;

б) ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳоеро, ки барои таъмини иҷрои бечунучарои Нақшаи чорабиниҳо, ки дар замимаи №1 ба қарори мазкур зикр шудаанд, масъуланд, таъмин карда, дар поёни ҳар семоҳа баррасии интиқодии ҳисоботи онҳоро ташкил намоянд, инчунин ҷиҳати бартарафсозии омилҳои манфие, ки ба иҷрои ин тадбирҳо монеа мешаванд, чораҳо андешанд.

8. Ба баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 3 тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов вогузор карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,

18 июли соли 2025.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: