20 июл дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Самарқанд–Душанбе–Самарқанд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air» сурат гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи хатсайри мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Air Marakanda» Дмитрий Мартиненко ва намояндагони ҷамъият иштирок намуданд.
— Ташкил намудани хатсайри мазкур ду сол тарҳрезӣ шуд ва имрӯз амалӣ гардид, — гуфт Д.Мартиненко. — Парвозҳо ҳафтае ду маротиба: панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд. Мусофирон метавонанд тавассути онҳо дар як соат ба Душанбе раванд ё ба Самарқанд баргарданд. Нархи билет низ мувофиқ аст.
Бояд таъкид намуд, ки ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Ӯзбекистон парвозҳои мустақимро дар хатсайри Тошканд–Душанбе–Тошканд низ ба роҳ мондааст. Дар ин масир ширкати «Uzbekistan Airways» ва «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон низ парвоз анҷом медиҳанд.
Парвозҳо дар асоси Созишномаи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки 9 марти соли 2018 имзо шудааст, ба роҳ монда мешавад.
– Роҳандозии парвозҳо дар масири Тошканд–Душанбе–Тошканд ва Самарқанд–Душанбе–Самарқанд барои таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои ба ҳам бародар, инчунин, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемамонияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам меорад, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Ҳама меҳмонони хориҷие, ки аз шаҳрҳои Тоҷикистон дидан мекунанд, мехоҳанд аз шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро, Хоразму Хива низ боздид ба амал оваранд. То ҳол барои амалӣ гардонидани ин хоҳиши сайёҳон имконият вуҷуд надошт. Акнун ин имконпазир аст. Бо як сухан, ин иқдом дар доираи густариши ҳамкории алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон амалӣ шуда, имкониятҳои мусофиронро барои сафар боз ҳам васеътар мегардонад.
Баъди фуруд омадани ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмононро сокинони шаҳр бо нону намак, карнаю сурнай ва рақсҳои дилнишин пешвоз гирифтанд.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ,
вилояти Самарқанд.