Дар чорабинии видеослектории ба соҳаи талим бахшидашуда, ки чанде қабл таҳти роҳбарии Сарвари кишварамон бургузор шуда буд, аз рӯйи сермазмун гузарондани давраи таътили тобистонаи хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ татбиқи лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор» ба миён гузошта шуд.
Ин аст, ки Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ дар доираи «90 рӯзи зарбдор» чорабиниҳои зиёд андешидааст. Аз ҷумла, дар соли хониши равон, ба мақсади истироҳати табъи дили бачаҳо ба 5 маскани истироҳатии тобеи вазорат 1400 нафар ҷалб карда шудаанд, 47 истироҳатгоҳи ихтисосонидашуда бо омӯзгорон, тарбиятгарон ва барномаҳои услубӣ таъмин гардиданд, ба мақсади беш аз пеш оммавӣ гардидани китобхонӣ, ба истироҳатгоҳҳо 65 ҳазор китоби бадеӣ интиқол дода шуд. Барилова, дар муассисаҳои таълимӣ 1239 майдончаи солимгардонӣ (ройгон) созмон дода шуданд, ки 168547 нафар бачаҳоро дар бар гирифтанд.
Дар мактабҳои таълими ҳамагонии ноҳия таълим ба се забон: ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ шудааст. Теъдоди хонандаҳо 3 ҳазору 930 нафарро ташкил медиҳад. Дар 72 мактаб қариб 40 ҳазор нафар хонанда таълим мегирад.
Мо низ бино ба лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор» чорабиниҳои зиёд андешидем. Ба ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи нишондоди Вазорати таълими томактабӣ ва мактаб тавсияҳо пешниҳод шуданд.
Мувофиқи нақша барои сермазмун гузарондани вақти холии хонандагон дар доираи «Театри мактаби Тӯрон», «Ансамбли мактаби иқтидор», бозиҳои «Заковати зеҳнӣ», «Аз пайи ҷадидон», «Хонандаи китобхон», мусобиқаҳои варзишии «Панҷ ташаббус», ки дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронда мешаванд, саҳми назаррас хоҳем гузошт. Аз оғози таътил дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабии тобеи таълими халқи ноҳия бино ба волейбол Ҷоми роҳбари шуъбаро эълон кардем, ки зинаҳои мактабию ҳудудиашон аз 1 то 24 июн баргузор шудаанд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд. Зинаи ноҳиявии он низ баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки дар 8 мактаби таълими ҳамагонии тобеи шуъбаи таълими томактабӣ ва мактаби ноҳия, аз ҷумла, дар мактабҳои рақами 2, 5,12, 17, 24, 27, 33 ва 64 осоишгоҳҳои солимгардонии наздимактабӣ ташкил карда шуданд, ки 850 нафар хонандагони аз 7 то 14-соларо дар бар гирифтаанд.
Муассисаи таълими ҳамагонии рақами 15 (директораш Садриддин Мирзоев), ки таълим дар он ба ду забон – тоҷикиву ӯзбекӣ роҳандозӣ шудааст, дар татбиқи чорабиниҳои «90 рӯзи зарбдор» фаъол аст. Дар ин даргоҳ 44 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ба 480 нафар хонанда асосҳои илмро меомӯзанд. Соли сипаригардида донишомӯзи синфи 11-уми ин мактаб Таманно Тоҳирова аз фанҳои информатикаю кимиё дар зинаи вилоятии олимпиада ва забони хориҷӣ дар зинаи ҷумҳурӣ иштирок намуд, ки аз дастовардҳои ҷамоаи муассисаи таълимии мазкур мебошад.
Директори ҷавони серғайрат саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таътили тобистонаи донишомӯзон дар доираи лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор» табъи дил гузарад. Дар назди мактаб истироҳатгоҳи тобистона амал мекунад. Мураббиёни соҳибтаҷрибаи мактаб ба хонандагон муҳаббати беандоза доранд.
Тибқи лоиҳа донишомӯзон дар маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла, шоми дӯстӣ, санъати тасвирӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, шоҳмоту шашка, «Аниси кунҷи таҳоӣ китоб аст», бозиҳои гуногуни варзишӣ гирдиҳам меоянд. Рағбатноксозии фаъолон ва ғолибон дар маҳфилҳо натиҷаи матлуб мебахшад.
Татбиқи лоиҳаи «90 рӯзи зарбдор», бешубҳа, ба серзавқ ва сермазмун гузаштани таътили тобистонаи мактабиён, мураббиён ва омӯзгорон мусоидат менамояд, имкон медиҳад, ки насли ҷавон дар соли нави хониш бо рӯҳбаландӣ по ба зинаи мактаб гузорад.
Сафар Абдиев,
роҳбари шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.