Хабарнигори «Овози тоҷик» бо ҷонишини раиси Федератсияи шоҳмоти вилояти Самарқанд, гроссмейстери байналхалқӣ Тоҳир Воҳидов ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот – 20-уми июл суҳбат орост, ки он ҳаволаи хонандагони рӯзнома мегардад.
– Тоҳир Абдуқаҳҳорович, чӣ сабаб шуд, ки шумо ба шоҳмот дил бастед?
– Агар гӯям, ки гузари Гӯри Мири Самарқанд макони шатранҷбозон буду ҳаст, муболиға намешавад. Ман ҳанӯз замоне, ки дар синфҳои ибтидоӣ мехондам, ҳангоми бозгашт аз мактаб медидам, ки шахсони синну солашон гуногун дар чойхонаи сари роҳ саргарми муҳорибаҳои шадиди рӯйи тахтаи шоҳмот буданд. Беихтиёр бозиҳои онҳоро тамошо мекардам ва оҳиста-оҳиста ба ин намуди варзиш дил бастам. Аввалин устодам раҳматӣ Шаҳоб Ҳамроқулов буданд, ки ногаҳон вафот карданд. Бо гузашти айём аввал дар Самарқанд ва баъдан дар мамлакат шоҳсуфаҳои баланд насибам шуданд. Соли 2009 соҳиби унвони гроссмейстери байналхалқӣ шудаму ба қариб сад кишвари ҷаҳон сафар карда, бо шоҳмотбозон, аз ҷумла собиқ чемпионҳои ҷаҳон қувваозмоӣ намудам. Ҳоло шогирдони бисёр дорам, ки дар олимпиадаи умумиҷаҳонии 46-уми шоҳмот ширкат меварзанд.
– Мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» хабардор ҳастанд, ки писари шумо – Ҷаҳонгир Воҳидов низ чемпиони бозиҳои олимпӣ аст...
– Ташаккур, барои эътибор. Воқеан ӯ дар сафи дастаи мунтахаби кишвар дар бозиҳои навбатии олимпӣ низ шарафи Ӯзбекистонро ҳимоя мекунад.
– Боз киҳо аз Самарқанд дар ин бозиҳои бонуфуз иштирок мекунанд?
– Шатранҷбози рақами якуми Ӯзбекистон Нодирбек Абдусатторов, дӯсти вай Ҷавоҳир Синдиров, чемпиони ҷаҳон дар байни бонувон Афрӯза Ҳамдамова, дугонаҳояш Гулдона Каримова, Марҷона Маликова ва дигарон, ки аъзои дастаи яккачини Ӯзбекистон мебошанд.
– Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст: Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд...
– Дар Самарқанд қариб сӣ нафар муррабиён ба насли наврас асрори шатранҷбозиро омӯзонида, кӯшиш мекунанд, ки дар оянда аз Самарқанд бештар бозигарони боистеъдод ба камол расанд.
– Ба фикри шумо, наврасон бояд аз чандсолагӣ бо шоҳмот машғул шаванд?
– Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки синни 5-6 айни муддаост. Чемпионати ҷаҳон аз 7 солагӣ оғоз гардида, чанд нафар вакилони самарқандӣ аз шоҳсуфаи баланд ҷой гирифтаанд.
– Барои ривоҷу равнақи шатранҷ дар Самарқанд чӣ гуна тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд?
– Ин саволи хеле ҷолиби диққат. Воқеан чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо мо, масъулони мактабҳои шоҳмот вохӯрӣ гузаронида, барои ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷуда қарори судманд қабул кард. Аз ҷумла маълум аст, ки федератсияи шоҳмоти вилоят бино надошт. Бо дахолати роҳбари вилоят, хушбахтона, ин муаммо ҳалли худро ёфт.
Адиз Музаффарович дар навбати худ ба дӯши мо – роҳбарони федератсия вазифаҳои таъхирнопазир гузошт, то ки дар асоси қарори сарвари давлатамон бобати дар сатҳи баланд гузаронидани Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Самарқанд аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода бубарем. Мақсад, албатта дар ин мусобиқа боз пирӯз шудан аст.
Дар омади гап бояд гӯям, ки дар ҷамъомади васеи Федератсияи шоҳмоти вилоят Адиз Бобоев якдилона раиси федератсияи мо интихоб шуд, ки бешубҳа, ба пешрафт ва ривоҷу равнақи шоҳмот дар Самарқанд мусоидат хоҳад кард.
– Тоҳир Абдуқаҳҳорович, ба шумо комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.
– Ташаккур!
Суҳбаторо Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд