Истироҳати ҷолиб дар «Зиё чашмалари»

Осоишгоҳи солимгардонии «Зиё чашмалари», ки дар шаҳри қадимаи Шаҳрисабз ҷойгир аст, солҳо боз дар рӯзҳои гарми тобистон ҳазорон кӯдаконро ба оғӯш мегирад. Баъд аз бозсозии солҳои 2018–2019, ин осоишгоҳ симои замонавӣ касб кард.

«Зиё чашмалари» 6,62 гектар масоҳат дорад, ки аз он 3,05 гектарашро боғҳо ташкил медиҳанд. Дар зери сояи дарахтони сарсабз 8 хобгоҳи бароҳат, ошхонаи муҷаҳҳази замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар биноҳои ёрирасон барои истифодаи кӯдакон омодаанд. Осишгоҳ ҳар тобистон дар чор навбат 300 кӯдакро мизбонӣ мекунад.
Муваффақияти осишгоҳ аз бисёр ҷиҳат ба ҷамоаи соҳибтаҷриба ва меҳрубони он вобаста аст. Тарбиятгарон, кормандони тиббӣ, мураббиёни варзиш ва дигар кормандон тамоми дониш ва таҷрибаи худро барои барқарорсозии саломатии ҳамаҷонибаи кӯдакон ва таъмини истироҳати хуб равона менамоянд. Дар ин ҷо мунтазам маҳфилҳо, дарсҳои маҳорат, бозиҳои варзишӣ ва чорабиниҳои шавқовар баргузор мешаванд. Ҳар рӯзи кӯдакон дар осоишгоҳ хотирмон мегузарад.

Суратгир: Ҷамшед НОРҚОБИЛОВ. ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: