Рушди санъати тасвирӣ ба нақша гирифта шуд

Имрӯзҳо ба рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дастгирии соҳиб-истеъдодон рӯ оварда истодаанд. Рассомон, ҳайкалтарошон ва устоҳои ҳунари мардумӣ, ки дар равияҳои гуногун эҷод мекунанд, тавассути асарҳои худ ба санъати мо мазмун ва шакли нав мебахшанд.Аз ҷумла, дар вилояти Сурхондарё ба рушди равияҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ аҳамияти хосса дода мешавад.

Бо ҳамин мақсад ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов ва раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Акмал Нуриддинов доир ба корҳои дар соҳа анҷомёфта, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он мулоқот оростанд. Аз ҷумла, масъалаҳои дастгирии эҷодкорон, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ барои онҳо ва таъсиси устохонаҳои махсус барои аъзои академияи бадеӣ муҳокима гардид.
Ҳамчунин барои боз ҳам рушд додан ва такмил бахшидани санъати тасвирӣ ва амалӣ дар вилоят «харитаи роҳ» таҳия ва имзо карда шуд. Дар анҷоми мулоқот баргузор намудани намоишгоҳҳои эҷодкорони воҳа дар кишварҳои аврупоӣ, ҳар баҳор дар ноҳияи Бойсун баргузор намудани фестивали байналмилалии рассомон, инчунин бунёди бинои хобгоҳ барои 60 нафар хонандагони мактаби махсусгардонидашудаи санъат ба номи Рӯзӣ Чориев ба нақша гирифта шуд.
 
Сурайё Норманӣ,
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: