Дар Андиҷон соҳиби мағоза фурӯшандаро барои қарз латтукӯб кард — тафтишот оғоз ёфт

Аз рӯйи ҳолати таҳдид ва зӯроварии як зан нисбати зани дигар дар вилояти Андиҷон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Садорати корҳои дохилии вилоят хабар дод.

22 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое паҳн шуд, ки дар он зане зани дигарро «самосуд» кардааст ва ин боиси эътирози намояндагони ҷамъиятӣ гардид. Ҳодиса дар маҳаллаи «Ҳунарманд»-и шаҳри Андиҷон, байни соҳиби мағозаи либосфурӯшӣ А.П., ки соли 1992 таваллуд шудааст ва С.С., ки соли 2005 таваллуд шудааст ва ҳамчун фурӯшанда таҳти назари ӯ кор мекард, рух додааст. Аз пайи муноқишаи қарзи пулӣ, ки байни онҳо сар задааст, соҳибмағоза нисбати фурӯшанда таҳдид ва зӯроварӣ кардааст.

Аз рӯйи ҳолат аз ҷониби шуъбаи тафтишотии назди Садорати корҳои дохилии вилоят тибқи қисми дуюми моддаи 138 Кодекси ҷиноӣ (Ба воситаи зӯроварӣ ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, шаҳрванд А.П. дастгир шудааст. Парвандаи тафтишотӣ таҳти назорати прокуратураи вилояти Андиҷон қарор дорад.

Ҳамчунин, дар хабарномаи Садорати корҳои дохилии вилоят “аз шахсоне, ки ба ин сурат зарар мебинанд, даъват карда мешавад, ки ба рақами кӯтоҳи «102», ё ба шумораи телефони шуъбаи муроҷиатҳои шаҳрвандони идораи корҳои дохилии шаҳри Андиҷон 74-223-59-52 ё ба шуъбаҳои корҳои дохилии наздиктар муроҷиат кунанд” гуфта шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: