Алимент барои фарзанд: ба ҳамсар ҷазо аст ё маҷбурият?

...Дар ҳафт соли охир ҳуҷҷатҳои марбут ба пардохти алимент ва таъминоти моддӣ 45 фоиз афзудааст. Ин парвандаҳо ба таъмини моддии тақрибан 400 ҳазор ноболиғ вобаста мебошанд. ...Дар соли 2024 8 833 нафар барои саркашӣ аз таъминоти моддӣ (алимент) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. ...Аз 93 ҳазор муроҷиате, ки дар муддати сипаришудаи соли равон дастрас гардиданд, беш аз 56 ҳазор муроҷиат, яъне 60,4 дарсади он ба масъалаҳои алимент вобастаанд.

Дар ҷомеаи имрӯза супоридани ҳаққи фарзандон, яъне алимент, ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Зеро он дар таҳкими муносибатҳои хонаводагӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, иҷрои ӯҳдадориҳои қонунии падару модар, инчунин, беҳсозии вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷонибҳо аҳамияти калон дорад.

Бинобар ин, солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати беҳтар кардани қонунгузории алимент, аз ҷумла омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт, баланд бардоштани назорату ҷазо, роҳандозии механизмҳои иҷрои маҷбурӣ, роҳу усулҳои муосири ситонидани алимент, инчунин, такмил додани низоми пардохт чорабиниҳои судманд амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, дар Конститутсияи мамлакат фароҳам овардани беҳтарин шароит барои рушди комили кӯдак чун уҳдадории давлат муайян гардида, дар қонунгузорӣ чораҳои ҷазои маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои саркашӣ аз пардохти алимент шадидтар карда шуд. Дар Бюрои иҷрои ҳатмии назди Сарпрокуратура Бунёди «Пардохти алимент» таъсис ёфт ва боз як қатор корҳои шоиста амалӣ шуданд. Сад афсӯс, ки новобаста аз чунин тадбирҳо сол то сол ҳолатҳои саркашӣ аз пардохти алимент меафзояд. Дар партави ин «ҳангома»-ҳои нав ба нав, ки мо дар оғози мақолаи «Алимент: аз Ҳаммурапӣ то ба имрӯз» (№ 58, «Овози тоҷик», 19 июли соли 2025) ёдовар кардем, зиёд ба миён меоянд. 

– Мо бисёр мушоҳида мекунем, ки баъзе волидон, хусусан падарони ҷудошуда, аз иҷрои ӯҳдадориҳои худ нисбати таъмини фарзанд сарпечӣ мекунанд, – иброз дошт роҳбари хидмати матбуоти Бюрои иҷрои ҳатмии назди Сарпрокуратура Фаррух Тошпӯлодов. – Ин амали носавоб на танҳо боиси вазнин шудани зиндагии модар ва кӯдак мегардад, балки ҳуқуқҳои қонунии фарзандонро поймол менамояд. Фарзанд ҳақ дорад, ки пас аз ҷудо шудани падару модараш низ аз шароити муносиб бархӯрдор бошад ва ин масъулият, пеш аз ҳама, бар дӯши волидон ҳаст ва мемонад. Агар ба рақамҳо диққат намоем, соли 2018 доир ба ситонидани алимент ва таъминоти моддӣ ҳамагӣ 240 ҳазор ҳуҷҷати иҷро мавҷуд буд. Дар нимсолаи аввали соли 2025 бошад, ин нишондиҳанда 348 ҳазорро ташкил кард. Яъне, дар ҳафт соли охир ҳуҷҷатҳои марбут ба пардохти алимент ва таъминоти моддӣ 45 фоиз афзудааст. Ин парвандаҳо ба таъмини моддии тақрибан 400 ҳазор ноболиғ вобаста мебошанд, ки ин яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳамзамон мушкилоти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ин маънои онро дорад, ки қариб 400 ҳазор нафар кӯдакон аз тарбияи падар, модар ва ё ҳар дуи онҳо маҳруманд.

Бино ба маълумоти масъули соҳа танҳо дар соли 2024 аз тарафи мақомоти бюро 2,1 триллион сӯм маблағи алимент рӯёнда шуд. Аз ҷумла, 46,3 миллиард сӯмро ҳамчун пешпардохт ситонданд. Танҳо дар моҳи январи соли равон аз ҳисоби Бунёди «Пардохти алимент» ба 1723 алиментгиранда 40,6 миллиард сӯм пардохт карда шуд. Бо вуҷуди ин, дар самти пардохт ва рӯёндани алимент мушкилӣ ва камбудиҳо ба чашм мерасанд. Масалан, дар соли 2023 шумораи шахсоне, ки барои саркашӣ аз таъминоти моддӣ (алимент) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, 5697 нафар будааст. Дар соли 2024 ин нишондиҳанда 35 фоиз афзуда, ба 8 833 нафар расидааст. Танҳо дар соли гузашта, судҳои ҷиноятӣ нисбат ба чунин қарздорон 1109 ҳукми айбдоркунанда содир кардаанд.

Таъкид гардид, ки ҳоло дар мақомоти бюро оид ба ситонидани алимент ва таъминоти моддӣ қариб 350 ҳазор ҳуҷҷати иҷро мавҷуд буда, ба ҳар як корманди бюро моҳе тақрибан 147 парвандаи иҷро рост меояд. Содатар карда гӯем, аз 93 ҳазор муроҷиате, ки дар муддати сипаришудаи соли равон дастрас гардиданд, беш аз 56 ҳазор муроҷиат, яъне 60,4 дарсади он ба масъалаҳои алимент вобастаанд.

То ҳол аз рӯйи иҷрои кор оид ба алимент нисбат ба 8227 шаҳрванд ҷустуҷӯ эълон гардида, пас аз чорабиниҳои зудамали кофтуков 5853 нафар дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

– Дар нимсолаи аввал аз ҷониби бюро барои таъминоти фарзандон 6,6 триллион сӯм алимент ситонида шуд, – афзуд Ф.Тошпӯлодов. – Ғайр аз ин, дар натиҷаи анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ 179 манзили истиқоматӣ, 45 сабукрав ва 280 намуди дигари амвол бар ивази алимент ҳамчун пешпардохт тақдим гардид. Набояд фаромӯш кард, ки ҳимояи таъминоти моддии кӯдакони ноболиғ тавассути супоридани алимент масъалаи муҳим аст. Падару модарон пардохти саривақтии алиментро на чун ҷазо, балки ҳамчун маҷбурияту ӯҳдадории қонунии худ бояд қабул кунанд. Зеро, мақсади асосии пардохти алимент таъмини ҳуқуқ, манфиат ва эҳтиёҷоти кӯдак мебошад. Мутаассифона, дар раванди кор ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки баъзе «ҷавонмардон» аз супоридани алимент ба фарзандони худ саркашӣ мекунанд. Онҳо на танҳо ба ҳуқуқҳои қонунии кӯдак беэътиборӣ менамоянд, балки ҳуқуқу масъулияти шахсии хешро низ намедонанд ё нодида мегиранд.

Воқеан, падару модарон на танҳо барои таълими шоиста, тарбияи ахлоқӣ, ҳифзи саломатии фарзандон, балки мувофиқи қонунгузорӣ ва аз лиҳози динӣ баҳри таъмин ва нигоҳубини онҳо низ вазифадоранд. Ин на танҳо ӯҳдадории қонунӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва инсонии ҳар як шахс мебошад. Хуб, вақте чунин аст, чаро аксар волидон аз пардохти алимент сар мекашанд? Барои чӣ теъдоди зиёди онҳо танҳо дар шиноснома чун падар мемонанд? Дар ин маврид дар дини мубини мо чӣ гуфта шудааст?

Дар мақолаи навбатӣ маҳз ба паҳлуҳои динии масъала, яъне сарпечӣ аз таъминоти маънавию моддии фарзандон аз нигоҳи Ислом таваҷҷуҳ хоҳем кард.

Дар доираи мавзӯъ:

Дар мамлакати мо қариб 3500 нафар занон маҷбурияти пардохти алимент барои таъмини фарзандонро доранд. Ҳолатҳои пардохти алимент аз ҷониби модарон беш аз ҳама дар вилояти Самарқанд ба чашм мерасад. Дар зинаҳои баъдина вилоятҳои Фарғона, Сурхондарё ва Андиҷон қарор доранд. Бино ба таъкиди Бюрои иҷрои ҳатмӣ аслан шумораи модарони алиментдиҳанда хеле каманд. Аммо бинобар бамаротиб афзудани теъдоди алиментдиҳандагон дар солҳои охир, шумораи чунин модарон низ меафзоянд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: