Барги умраш рӯйи хазонро дид

Хабари марги нобаҳангоми ҳамкорамон Мавутҷон Қурбоновро шунида, қалби аҳли ҷамоаи мо ба ларза омад. Мавутҷон ҳоло ҷавон буд. Ӯ мехост, ки шогирдони зиёдро ба камол расонад. Дар болои худ беист кор мекард, то ки хонандагони ӯ забони хориҷиро мукаммал азбар намуда, мутахассисоне гарданд, ки ба пешрафти ҷамъият хидмат мекунанд...

Воқеан, умри одамӣ мисли баргҳои дарахтони баҳор зебо мешудаасту чун фасли хазон омад, нопадид мегардидааст. Дар ноҳияи Сӯх қатори зиёиёни маориф номи шодравон Мавутҷон Қурбоновро бо эҳтироми хоса ба забон мегирифтанд. Ӯ ҳамкор, ҳамзабон, ҳаммаҳаллаи мо буд. Аҳли ҷамоаи мактаб ӯро ба сифати инсони фурӯтан, хоксор, меҳрубон ва муаллими сахтгир хуб мешинохтанд. Ба хурду калон бо эҳтиром муносибат дошт. Супориши маъмурияти мактабро бетаъхир, «хуб» мегуфту иҷро мекард. Маҳз ҳамин хислат – хушмуомилагиву содадилӣ ӯро маҳбуби мардум гардонда буд. Мавутҷон ҳеч гоҳ сухани нопок ба забон намеовард. Дили пок дошт ва ба тамоми мардум некӣ мекард. Аз ҳаёт ва китобҳо панду насиҳат меомӯхт ва онро бо муҳаббат ба дигарон мерасонд.
Мавутҷон Қурбонов 3 январи соли 1984 ба дунё омад. Дар мактаби миёна бо баҳоҳои хубу аъло хонд, дар корҳои ҷамоатӣ, маҳфилу шабнишиниҳои бадеӣ фаъолона иштирок мекард. Ӯ мактаби миёнаро бомуваффақият хатм намуд ва дар бизнес-мактаби Фарғона таҳсил гирифт. Пас аз даҳ соли фаъолияти педагогӣ дар гимназия, ба мактаби мо ҳамчун муаллими фанни забони англисӣ ба кор қабул гардид. Соли 2018 ба равияи таълими ибтидоӣ (ғоибона)-и Донишкадаи Қӯқанд пазируфта шуд. Пас аз хатми он боз фаъолияти муаллимиро давом дод. Дертар ба курси бозомӯзӣ ҳуҷҷат супорида, давоми як сол таҳсил карду дипломи олиро бо тахассуси омӯзгори забони англисӣ соҳиб гардид.
Ман дар дарсҳои М. Қурбонов бештар иштирок мекардам. Ӯ дар дарсҳои худ натанҳо забони англисӣ, балки аз фарҳанги ҳазорсолаи мардум ёдовар шуда, ба шогирдон дарси ахлоқ меомӯзонд. Мавутҷон фидоии таълим буду содиқона фаъолият мебурд. Фазилатҳои инсонии ҳалимӣ, накӯкориву андешамандӣ ҳамроҳи доимии ӯ буд. 
Имрӯз ҳамкорон ва шогирдони Мавутҷон маслиҳатҳои ҳаётӣ, суханони пурмуҳаббат ва тарзи илмомӯзонии ӯро бо эҳтиром ёд мекунанд. М. Қурбонов дар мактаб муаллими фидоӣ буду дар оила падари меҳрубону ҷонсӯз. Марги чунин инсон натанҳо барои як оила ё як мактаб, балки барои тамоми ҷомеа як талафоти бузург буд. 
 
Хушбахтҷон Бобеков,
омӯзгори синфи ибтидоии мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: