Гуфтаанду мегӯянд, ки омӯзгор табиби ақли инсон аст. Омӯзгор ақлҳоро пурра, чашми дилро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи пуршебу фарози зиндагиро равон, забони лолро гӯё месозад. Омӯзгор шабу рӯз меомӯзад, роҳу усулҳои ба шогирдон тарбияву таълими дуруст доданро меандешад. Бо талошу заҳмати зиёд кӯдакро саводноку хушодоб менамояд. Ва ҷавонони ояндасози кишварро ба воя мерасонад.
Дар Ӯзбекистон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои фаъолияти судманди онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ ва имкониятҳои васеъ омода карда шудааст. Омӯзгоронро зарур аст то омӯзанд, маҳорати педагогии худро сайқал диҳанд, дар таълиму тарбияи наврасон саҳми арзанда дошта бошанд. Чунин омӯзгорон рағбатнок гардонида мешаванд, ҳаёти моддӣ ва иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад. Мавқеъ ва манзалати онҳо дар ҷамъият меафзояд.
Бо фармоиши вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ 1000 нафар ғолибон ба гирифтани рағбат ноил гардиданд. Барои ғолибият довталабон ду марҳилаи санҷишро мегузаранд: аввал тест месупоранд. Онҳое, ки холҳои заруриро ба даст овардаанд, бо онҳо сӯҳбат гузаронида мешавад.
Омӯзгори тоифаи олии мактаби таълими ҳамагонии рақами 30-юми ноҳияи Нурато Ҳилоли Элмурод бо қайди натиҷаи матлуб (90 хол) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори дарёфти мукофот ба миқдори тақрибан моҳе 6 500 000 сӯм ба муддати нӯҳ моҳ аз ҳисоби Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ гардид. Албатта, ин рағбатнокгардонии меҳнати пурмашаққати Ҳилоли Элмурод мебошад. Мешавад, ки дигарон низ ӯро пайравӣ кунанд.
Дар рушди соҳаи маориф шахсияту сулолаҳое кам нестанд, ки ба таълиму тарбия ва маълумотнок гаштани ҷавонон ҳамчун омӯзгор ҳиссаи босазо гузоштаанд. Дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ оилаи Рӯзиевҳо аз чунин сулолаҳо ба шумор мераванд.
Воқеан, Ҳилол давомдиҳандаи сулолаи омӯзгорон аст. Ба ин анъана бобояш Ӯзбекбойи Рӯзӣ асос гузоштаанд. Ӯзбекбойи Рӯзӣ устоди устодони деҳоти Эҷ буданд. Ин марди шариф хеле ҳалим ва нисбати шогирдон хеле сахтгир буданд. Маҳз айёми роҳбарии устод мактаби рақами 43-юми ноҳия ба мактаби шӯҳратёри минтақа табдил ёфт. Майли хонандагон ба таълим афзуд. Он солҳо аҳолии деҳот китоб, рӯзномаву маҷалла мехонд. Тақрибан ба ҳар як хонадон рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») меомад...
Пешаи падарро писаронашон Рӯзимурод, Элмурод ва духтарашон Саодат интихоб намудаанд. Ҳар яке дар пешаи худ пешқадам гардид. Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Рӯзимурод Рӯзиев имрӯз дар иҳотаи набераҳо ҳаловати бознишастагӣ дорад. Писараш низ касби падарро интихоб намуда, хеле фаъол аст, дар ҷавонӣ дорандаи нишони сарисинагии Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон гардид. Чанд сол аст, ки ӯ роҳбарии яке аз коллеҷҳои касбу ҳунари ноҳияи Гулистони вилояти Сирдарёро ба ӯҳда дорад.
Элмуроди Рӯзӣ низ яке аз омӯзгорони фаъол мебошад. Ӯ аъзои ҳайати доварони озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ аз забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Омӯзгори эҷодкор. Мақолаҳояш пайваста дар саҳифаҳои матбуот чоп мешавад. Фаъолияти пурсамараш буд, ки ба гирифтани нишони сарисинагии Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон мушарраф гардидааст.
Ҳилоли Элмурод дар ҳамин муҳит обутоб ёфта, пешаи омӯзгориро интихоб намуд. Пайваста мехонад, дониш ва маҳорати омӯзгориро такмил медиҳад. Ба ин китобхонаи бой, ки аз бобову амакон ва падараш ба мерос мондааст, ба ӯ имконият фароҳам меоварад.
Хоҳараш Хосияти Элмурод низ факултаи таълими томактабии Донишкадаи Ӯзбекистон – Финландияро хатм намуд. Ӯ дар озмуни ҷумҳурӣ аз забон ва адабиёти тоҷик ғолиб омадааст. Шоистаи зикр аст, ки шогирдони Ҳилоли Элмурод пайваста дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Соли равон Ҳулкар Расулова дар зинаи ҷумҳуриявии озмун аз забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуда, мисли устодаш ба гирифтани «Сипоснома»-и сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сазовор гардид.
Ҳилолро бо ин мукофот табрик мегӯем ва боварӣ дорем ин ҷоиза рағбате барои дастовардҳои бештару беҳтар хоҳад буд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.