ДУНЁИ АҶИБ

Дар ҳаёт ба ҳар гуна одамон рӯ ба рӯ мешавед. Табиист, ки онҳо аз якдигар бо хислату рафтору кирдори худ фарқ мекунанд. Аз суҳбат ва муомила бо яке шод мегардеду бо дигаре дар гирдоби ғам фурӯ меравед.

Чӣ илоҷ? Ҳаёт ҳамин хел аст. Камина аз рӯйи одат рӯзномаву маҷаллаҳоро ба мухлисони он аз деҳаи Навобод мерасонам. Ба қарибӣ маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ»-ро аз Самарқанд фиристоданд. Онро бояд ҷонибдорӣ, яъне харидорӣ кунем. Ба хусус омӯзгорон дар ин бобат, ки диплом доранду маънавияти баланд, бояд намуна бошанд. Аз ин рӯ бо дили пур ба омӯзгори таҷрибадоре занг задам: 
– «Дурдонаи Шарқ» омадааст. Чӣ кор мекунем, ҷӯра? Харидорӣ намекунӣ?
– Агар дигарон нагиранд, ман мегирам. Аздусар намехонам, – гӯён посух дод ӯ. 
Чӣ ҳам мегуфтам. Дунёи аҷиб...
Шукри Худо, ки дигарон гирифтанду ба ӯ намонд. Қарибии шом дар маркази деҳа аксарият ҷамъ мешаванд. Онҳо соҳибони касбу кори гуногунанд. Муаллимон бештар. Дар назди дукон суҳбат дорем. Чанд дона «Дурдонаи Шарқ» даст ба даст мегардад. Мегиранд, тамошо мекунанд ва боз мегардонанд. Аҷибаш он ки бархе, аз ҷумла омӯзгорон, шавқе зоҳир намекунанд. Баръакс, нигоҳашонро мегурезонанд. Оре, мо ба ҳамин дараҷа расидаем!? Хоҳед-нахоҳед дилатон вайрон мешаваду оҳи бадард аз дили дарднок мекашед. Чӣ илоҷ? Осмон баланду замин сахт. Боз бо ҳайрат мегӯед: дунёи аҷиб...
Бо нафаре, ки доро буда, зиндагиаш аз дигарон хеле беҳтар аст, суҳбат доштам. Одати худро тарк накардам, накардам... Дар рафти суҳбат чанд рӯзномаву маҷалларо ном гирифтам ва обуна, ё харидорӣ карданашро таклиф намудам. Вале «тарбуз аз бағалам афтид». Оҳиста аз наздаш дур шудам: дунёи аҷиб...
Хушбахтона, бо якчанд занону модарон бобати хондани рӯзномаву маҷалла низ суҳбате доштам. Бисёр шод гаштанду худи ҳамон лаҳза харидорӣ намуданд. Ин лаҳза, гӯё лотерея бурд карда бошам, аз шодӣ дар худ намегунҷидам.
Ҳар субҳ бо чандин куҳансолон, ки дар нафақаанду гашти пирӣ меронанд, вомехӯрам ва чанд лаҳза мулоқот мекунам. Чун анъана суҳбат дар бораи хондани рӯзномаву маҷалла ва китоб меравад. Рафтору гуфтору кирдорашон ҳама ибратпазир аст. Бисёртар аз кай ва чӣ хел дастрас кардани рӯзномаву маҷаллаҳо пурсон мешаванд. Бе далолат, бо ихтиёри худ аз рӯзномаву маҷаллаҳо харидорӣ мекунанд. Аз ин рафтори онҳо шод мегардеду: – Зинда бошед, пирон – мегӯед.
 Оре, таъбири «пир ҳаст тадбир ҳаст» беҳуда нест. Бо чунин пирони барнодилу равшанфикр ва занону модарони рӯзномаву маҷалла ва китобхон чӣ қадар ифтихор кунем, месазад.
 
Сулаймон Содиқ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: