Ӯзбекистон мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол миёни наврасони то 19-сола

Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон бозиҳои чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол миёни наврасони то 19-сола баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфуз 288 волейболбози ҷавон аз 24 кишвари дунё иштирок доранд.

Бо мақсади таъмини доварии одилона ва сатҳи баланди ташкили чорабинӣ 56 довари байналмилалӣ, 50 довари маҳаллӣ ва 80 мутахассиси техникӣ ҷалб шудаанд. Иштирокчиён ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, барои дарёфти унвони чемпион мубориза мебаранд.

24 июл маросими ботантанаи ифтитоҳи чемпионат баргузор гардид, ки дар он варзишгарон, ташкилкунандагон ва мухлисон иштирок карданд.

Баъди анҷоми маросими ифтитоҳ нахустин бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Туркия баргузор шуд. Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзии боэътимод ба даст овард.

Ин дастоварди муҳим шаҳодати сатҳи волои омодагӣ ва рӯҳи баланди варзишии волейболбозони Ӯзбекистон мебошад. Баъди анҷоми бозӣ бозигарони даста изҳор доштанд, ки ин пирӯзиро ба Ватан ва тамоми мардуми худ мебахшанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: