Имрӯз чорабиниҳои Фестивали “Дӯстӣ”, ки рӯзҳои 25-31 июли соли равон ба муносибати 30 июл – Рӯзи дӯстии халқҳо идома меёбад, бо гузоштани гулчанбарҳо дар пояи монументи Истиқлол, воқеъ дар боғи “Ӯзбекистони Нав”-и шаҳри Тошканд оғоз ёфт.
Дар чорабинӣ кормандони Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзии мамлакат, фаъолони марказҳои милливу фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ, намояндагони миллатҳои гуногун ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Зикр гашт, ки боғи мазкур ба шарафи истиқлоли Ватани маҳбуб, мардуми далер, сулҳдӯст, меҳнатқарин ва диловари мо бунёд гардида, рамзи озодиву суботи давлат мебошад.
Сипас, дар бинои кумита нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси кумита Қ.Сариев дар бораи чорабиниҳои асосие, ки дар доираи фестивал гузаронида мешаванд, маълумот дод.
– Фестивали “Дӯстӣ” тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 7 феврали соли 2025 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли ҳифзи муҳити зист ва «иқтисодиёти сабз» доир мегардад, – гуфт Қ.Сариев. – Мақсад аз баргузории фестивал таҳкими ҳамҷиҳатии байнимиллӣ, рушди фазои эътимоди байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар ба намояндагони миллату қавмҳои гуногун, тарбияи насли ҷавон дар руҳи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, муҳаббат ба Ватан, садоқат ба истиқлол, инчунин, густариши ҳамкориҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад.
Зикр гашт, ки дар доираи Фестивали “Дӯстӣ” баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, анҷумани байналмилалӣ дар мавзӯи “Таҳкими ҳамҷиҳатии умумимиллӣ – пойдевори муҳими рушди Ӯзбекистони Нав”, намоишгоҳҳои марказҳои миллию фарҳангӣ таҳти унвони “Ӯзбекистон – ватани ягона!”, намоишгоҳи фотосуратҳои халқҳои бародар дар мавзӯи “Нигоҳи дӯстӣ”, намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии ҳунармандии халқҳои гуногуни хориҷӣ ва маҳаллӣ бо номи “Аз канори Модар-Замин”, мулоқоти эҷодӣ таҳти унвони “Мушоираи бародарӣ”, барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагони Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо дар назар аст.
Инчунин, дар доираи фестивал супоридани нишони сарисинагии “Халқлар дӯстлиги”, ҷамъбасти озмунҳои онлайнии “Фаъолтарин маркази фарҳангии миллӣ” ва “Фаъолтарин ҷамъияти дӯстӣ” ва сарфароз намудани соҳибону ғолибони онҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, аз рӯйи баргузории Фестивали “Дӯстӣ” дар шаҳру вилоятҳои мамлакат барои ҳар як минтақа нақшаи вижаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи онҳо дар боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ, хиёбон ва сайргоҳҳои гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла, ҳудудҳои наздисарҳадӣ бо иштироки санъаткорон ва дастаҳои бадеии марказҳои милливу фарҳангӣ барномаҳои консертӣ таҳти унвони “Оҳангҳои дӯстӣ”, намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ва асарҳои мусаввирон, инчунин, фото-намоишгоҳҳо ташкил хоҳанд шуд.
Дар идома раисони якчанд маркази милливу фарҳангӣ дар бораи мақсади ташкили фестивал, аҳамияти он дар таҳкими муносибати дӯстона миёни мардуми сермиллати мамлакат, ташаккули фазои якдилона ҳарф заданд.
Кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, роҷеъ ба рангоранг намудани мазмуну мундариҷаи барномаи фестивал таклифу пешниҳодҳои худро ба миён гузоштанд.
Ёдовар мекунем, ки дар асоси қонун аз 10 феврали соли 2021 “Дар бораи муайян кардани рӯзи дӯстии халқҳо” 30 июл ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо муқаррар гардидааст ва инак панҷ сол боз ба муносибати ин сана чорабиниҳо, шомҳои дӯстӣ, фестивалҳои оммавӣ, анҷуманҳои илмиву амалӣ доир мегардад.
Ф.ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири “Овози тоҷик”.