Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии равишҳои нав оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва таълими касбӣ шинос гардид.
Соли ҷорӣ дар ин самт тибқи таҷрибаи хориҷӣ равишҳои нав роҳандозӣ шуданд. Бонкҳо ба маҳаллаҳо вобаста гардида, дар таъмини шуғли аҳолӣ саҳм мегузоранд. Бахусус, дар нимсолаи аввал беш аз 3 миллион нафар аҳолӣ ба меҳнати даромаднок ҷалб карда шуданд.
Системае, ки барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ таъсис дода шудааст, инчунин, маблағҳои сарфшуда самараи худро дода, бино ба ҳолати 1 июли соли равон, сатҳи камбизоатӣ 6,8 фоизро ташкил кард.
Дар афзунсозии таъмини шуғли аҳолӣ сифати таҳсилоти касбӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин самт, тавсеаи ҳамкорӣ бо кордиҳандагон, ба сатҳи нав баровардани такмили ихтисос, инчунин, таъмини иштироки бахши хусусӣ талаб карда мешавад. Ба эҳтиёҷоти бозори меҳнат номувофиқ будани таълими касбӣ дар тайёр кардани кадрҳо боиси ба миён омадани мушкилоти муайян мегардад.
Баъзе меъёрҳои муносибатҳои меҳнатӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус корхонаҳои хурд монеа эҷод мекунанд. То ҳол дар ҷараёни қабул ба кор аз имконоти технологияҳои иттилоотӣ пурра истифода намешавад.
Инчунин, талаботи ҷорӣ корфармоёнро барои эълони расмии ҷойҳои кории холӣ ҳавасманд намекунад. Дар натиҷа, ин боиси пинҳон кардани маълумот шуда, имконияти таҳлили дурусти бозори меҳнат ва муайян кардани самтҳои таълими касбиро маҳдуд месозад.
Дар муаррифӣ роҷеъ ба нақша ва ташаббусҳои нав, ки ба ҳалли ин мушкилот нигаронида шудаанд, маълумот дода шуд.
Мутобиқи он, мақомоти меҳнатӣ бояд ба сохторе табдил дода шаванд, ки на ба корфармоён ҷазо таъин кунанд, балки ҳамчун ҳамкор бояд ба онҳо хидмат намоянд.
Бахусус, бекор намудани чораҳои ҷазо барои тақдим накардани маълумоти ҳатмӣ дар бораи ҷойҳои холии корӣ аз ҷониби корфармоён ва ба кор нагирифтани номзадҳои фиристодашуда пешниҳод мегардад. Бо ин роҳ, мақомоти шуғл аз кордиҳандагон маълумоти воқеӣ ва дақиқро ҷамъоварӣ намуда, шаҳрвандони корҷӯро ба онҳо равона мекунанд. Ба кор қабул кардан ё накардани номзадро бошад, корфармо худ ҳал менамояд.
Барои татбиқи ин низом, платформаи махсуси электронӣ таҳия гардида, нахуст дар шаҳри Тошканд ҳамчун таҷриба роҳандозӣ мегардад ва баъдан дар саросари мамлакат татбиқ мешавад.
Ҳамзамон, вакансияҳое, ки пайдо кардани мутахассис дар онҳо мушкил аст, ба самтҳои асосии таҳсилоти касбӣ табдил дода шуда, барои ташкили мақсадноки равандҳои омодагӣ хидмат мекунад.
Бо мақсади минбаъд беҳтар кардани сифати таълими касбӣ, ҷалби намояндагони бахши хусусӣ ба фаъолияти Марказҳои малакаҳои касбӣ ва ба масканҳои таълимии ба соҳаҳои мушаххас ихтисосонидашуда табдил додани баъзе марказҳо дар назар аст.
Дар назди масъулон вазифа гузошта шуд, ки таҳсилоти касбиро ба низоми се зинавӣ табдил диҳанд. Аз ҷумла, аз рӯйи роҳандозии дарсҳои видеоии ройгон тавассути интернет, фароҳам овардани имконият барои бозомӯзӣ ё такмили ихтисос барои шаҳрвандони коргар тавассути "воучери касбӣ" дастур дода шуд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки омодасозии кадрҳои соҳибихтисос яке аз омилҳои муҳимтарин дар коҳиши сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.