Симинаи нозпардвардаи падару модар ҳусну малоҳати хосае дошт.
Ақли дурандеш бар мо роҳи рӯзӣ бастааст,
В-арна ҳар ангушт пистонест тифли ширро.
(Соиб).
Симинаи нозпардвардаи падару модар ҳусну малоҳати хосае дошт. Зардинаранг, чусту чолок ва дилёби ҳамагон. Аз хурдсолияш бо ҳамсолони худ ҳазлу шӯхиҳо менамуд. Тамоми духтарони маҳаллаш ӯро дӯст медоштанд ва бинобар ин хислаташ дугонаи хеш мешумурданд.
Баъди хатми мактаби миёна Симина орзу дошт ба ягон донишгоҳ ё донишкада дохил шаваду таҳсилро идома диҳад. Аммо ҳанӯз шаҳодатнома нагирифта, дари хонаашонро хостгорҳо кӯфтанд. Падараш, ки марди зиёӣ буд, ба раъйи духтараш нигарист. Симина бошад, ягонтои онҳоро қабул накард.
Рӯзе аз як нафар хеши дури падараш хостгорҳо омаданд. Онҳо бемалолу дурудароз нишастанд. Падар ба духтараш чунин гуфт:
– Духтаракам, умед дорам гапҳои маро бо ду гӯш шунида хулосаи дуруст мебарорӣ. Ин хостгорҳо аз хешовандони мо. Ба ҷону ҳолам намонда истодаанд. Агар ту розигӣ диҳӣ, як умр миннатдор мебудам. Ҷавон низ он қадар писари ношуд не. Устои ҳунарманд будааст. Оилаашро ман медонам. Агар бахту иқболатро дидан хоҳӣ, розигӣ деҳ.
– Охир, ба хондан?..
– Ин мақсадатаро ба онҳо фаҳмонидам. Онҳо худашон туро хононданӣ, – бо мамнуният гуфт падар.
Дили Симина аз ин суханони падар нарм гашт. Ба ҳар ҳол раъйи падарро рад карда натавонист ва шармгинона:
–Хуб, падарҷон, ихтиёр ба шумо. Ман чӣ ҳам мегуфтам, – гуфт.
Ҳамон шаб Симинаи хушандому беғуборро ба як ҷавон, ки аз хешовандони падараш буд, фотиҳа карданд. Аз байн вақти зиёд нагузашта, тӯйи никоҳии Симинаву Фарҳод баргузор гардид.
Оилаи нав. Хешу табори дур ҳам бошанд, хусуру хушдоман ба Симина эҳтиром доштанд. Ҳурматашро риоя мекарданд. Шавҳараш Фарҳод низ ҷавони бад набуд. Нисбати завҷааш меҳрубон буд, онҳо хушу хурсандона зиндагониашонро идома медоданд.
Соле сипарӣ шуд. Дар ин муддат Симина соҳиби духтарча гашт. Баъди таваллуди фарзанд Фарҳод бо падару модар ва завҷааш маслиҳат карда, ба мусофирӣ рафтанашро эълон намуд. Падару модараш розӣ шуданд. Аммо Симина ба шавҳар ҳамин ҷо монданашро тавсия дод. Вале Фарҳод розӣ нашуд.
Фарҳод ба сафари Русия рафту Симина бо фарзанди худ дар хона монд. Баъди ба мусофират рафтан, Фарҳод ду-се бор занг зад. Пасон занги телефонаш хомӯш гашт, ҳатто ба падару модараш низ занг намезад.
Рӯзҳо мегузаштанд. Аммо аз Фарҳод дарак набуд. Духтарчаи Симина, ки дар пайравии номи модараш Зармина ном гузошта буданд, калон мешуд ва суроғи падар мекард. Аммо аз падар дараке набуд. Касе намедонист, ки вай дар куҷосту аз пайи кадом кору бор гаштааст.
Гоҳо Симина ба умқи андешаҳо ғӯта мезад. Фикр мекарду фикр мекард, пеши худ саволҳои бешумор мегузошт, вале ҷавоби муносибе пайдо карда наметавонисту ноилоҷ бо ашки шашқатор лаб мебаст.
Дар ин миён муносибати хушдоманаш Муҳаббатхола тағйир меёфт ва Симина аз ин дар ҳайрат меафтод. Худ ба худ меандешид, ки чӣ гуноҳе карда бошад. Аммо шасти Муҳаббатхола гоҳо боло рафта, ҳудаю беҳуда сарзаниш мекард ва ҳар боре, ки бо телефони дастӣ бо хешу табор дар гуфтугӯ шавад, ӯро, ба қавле, «аз сӯрохи сӯзан мегузаронид».
Симинаи бемуттако ба ҳамааш тоқат мекард. Дурро меандешид. Ягона духтарчааш ва шавҳари бедаракашро фикр мекарду ба суханони заҳрогини хушдоманаш эътибор намедод.
Рӯзе аз хушдоманаш рухсат пурсида, барои дидорбинии падару модараш рафт. Хонаи падару модараш тақрибан се-чор истгоҳ дуртар буд. Симина, ки чанд муддат инҷониб ба ҳавои тоза набаромада буд, Зарминаашро бардошта, хост то манзили волидайн пойи пиёда равад. Бо ин баҳона каме дар ҳавои тоза сайр ҳам мекунем, – мегуфт вай. Бо хаёлҳои ширин то нисфи роҳ расиду ногоҳ таъкидҳои заҳролуди хушдоманаш ба хотираш расид, ки ҳангоми гусел дар назди дарвоза ба ӯ гуфта буд:
– Ба хонаи модарҷонат дасти хушку холӣ нарав, аз ягон мағоза ба додарчаву хоҳарчаҳои хурдсолат ширинӣ бигир. Ба падару модарат низ ягон майда-чуйда бихар. Боз «хушдомани духтарамон хасиси гузаро будааст» гӯён ғайбати маро накунанд. Безорам аз гапҳои дандоншиканашон. Мебинем, баъд худашон келини маро чӣ тавр гусел мекунанд...
Ба хотираш расидани ин фармудаи хушдоман Симинаро гӯё аз хоби ғафлат бедор сохт. Ба мағозаи сари роҳ даромада, барои додару хоҳар ва падару модараш каме савғотӣ харида, берун омад. Мехост роҳи худро идома диҳад, вале ногаҳонӣ садои бонги мошине ӯро ҳушдор дод. Ба қафо нигарист. Ҳамсинфаш Шаҳбоз аз кабинаи мошини сиёҳранг сар берун оварда, бо ишора ба мошин нишастанашро таклиф намуд.
– Ташаккур, Шаҳбозҷон, роҳ андаке монд, – гуфт Симина саросемавор ва ба ин тарафу он тараф нигарист.
Вале духтарчаи якраваш Зармина дасташро сӯйи мошин дароз карда, ба он нишастанро боисрор талаб менамуд. Симина ноилоҷ ба мошин нишаст. Миёни ин ду ҳамсинф суолу ҷавобҳои кӯтоҳ ба миён омад ва азбаски роҳ наздик буд, Симина изҳори миннатдорӣ намуда, шитобон сӯйи хонаашон роҳ пеш гирифт.
Симина бо духтарчааш ду рӯз дар хонаи падар монд. Аз чӣ бошад, тайи ин ду рӯз хушдоманаш боре ҳам занг назад. Аз ин дили Симинаро гӯё гургон тала намуданд. Дилтангу бетоқат мешуд ва рӯзи савум субҳи барвақт духтарчаашро гирифта, ба хонаи хушдоман баргашт. Тасодуфро бингаред, ки боз ҳанӯз ду-се қадам нагузошта, ҳамсинфаш Шаҳбоз мошинашро назди онҳо боздошт. Ҳарчанд не гӯяд, Шаҳбоз боисрор онҳоро ба мошин шинонд. Зармина даруни мошин хурсандӣ мекарду дили Симина гуп-гуп мезад. Аз ҳаяҷон, аз тарси гапу калочаи мардум...
Симина ба хонаи хушдоман расида, саросемавор аз мошин фуромад ва ба қафояш нанигариста хост дарвозаро кушояд. Ин ҳангом чашмаш ба чеҳраи гирифтаи хушдоманаш афтид, ки аз мошин фуромадану ба назди дарвоза расидани келинашро дар телефони мобилӣ сабт мекард. Симина салом доданашро медонад, якбора Муҳаббатхола оташ гирифт:
– Ҳа, келинҷони кӯрнамак?! Он мошини кӣ буд, туро оварда партофт. Ягонаписарам Фарҳодҷонро фикр накардӣ? Вай дар мусофирӣ азоби алим дораду ту бошӣ...
– Холаҷон, охир вай ҳамсинфам Шаҳбоз-ку. Чаро туҳмат мекунед, – гиряолуд ҷавоб гардонд Симина.
Аммо аллакай дер шуда буд. Муҳаббатхола, ба қавле, пӯстинашро чаппа пӯшида, хонаро ба сар бардошта, Симина ва падару модарашро лаънат мекард. Ба куҷоҳое занг мезаду тафсилоти он ҳолатро чандон баробар зиёдтар аз рухдода нақл мекард. Симина дарро аз рӯяш баста, ба хонаи худ даромад ва ба доду фарёди хушдоманаш эътиборе надода, алами худро аз гиря гирифт. Сабру тоқат мекарду аз туҳмати ба сараш омада, ба Худованд илтиҷоҳо менамуд, кӯмаку наҷот мехост.
Ниҳоят шаб фаро расид. Симина хост ба ошхона гузашта, хӯроке пазад. Аммо дари ошхона баста буд. Ба ин ҳам эътиборе надода, аз мағозаи наздиктарин барои худашу духтарчааш анвои хурданӣ оварда, ба хонаи худ гузашт. Нисфи шаб садои занги телефон баланд шуд. Ин Фарҳод буд, ки баъди ду соли расо ба ӯ занг мезад. Овози Фарҳодро шунида, Симина каме ба худ омада, одоби салому алейкро ба ҷо овард. Аммо Фарҳод Симинаро дашном медоду таънаи бевафо буданашро такрор мекард. Симина қасам хурад ҳам, Фарҳод бовар намекард ва ҳарчи тезтар тарк намудани хонаву дарашро талаб менамуд.
Кор то ба ҷое расид, ки баъди шаби дароз занг задану дашном додан, Фарҳод ҷавоби ҳамсарашро аз тариқи телефон дод. Симинаи бегуноҳи муштипар илоҷи дигаре надошт. Субҳи барвақт духтарчаашро аз хоби ноз бедор карда, аз хонаи шавҳар берун рафт. Дар назди дарвоза хушдоман боз бо таънаву маломатҳо ӯро чун гунаҳгори ашаддӣ «гусел» намуд.
Симина ба хонаи падар омада буду шуди гапро фаҳмонд. Падару модараш зинҳор дигар ба он ҷо қадам нагузоштанашро талаб карданд. Аз миён моҳҳо гузаштанд. Дар ин муддат Симина ба саволҳои худ ҷавобе намеёфт. Барои чӣ шавҳараш ду соли расо занге намезаду он шаб худ аз худ пайдо шуда сим зад, ба мошини Шаҳбоз нишастани ӯро аз кӣ фаҳмид? Шаҳбоз чаро ҳангоми рафтану баргаштан ӯро интизор буд? Ин ҷо бояд сирре бошад, гӯён дурудароз фикр мекарду посухи муносибе ёфта наметавонист.
Пас аз чанд муддат рӯзе ба телефони вай ҳамсинфаш Шаҳбоз занг зад. Симина моту маҳбут шуд. Рақамашро аз куҷо пайдо карда бошад, меандешид вай. Шаҳбоз иқрор гардид, ки бо айби вай Фарҳод ӯро аз хона ронд. Лекин ҳамаи ин ҳангомаҳоро хушдоманаш Муҳаббатхола ташкил карда будааст.
– Барои чӣ? Охир ман чӣ гуноҳе доштам, ин ҷазоҳо барои кадом гуноҳам? – суол медод Симина бо чашмони гирён.
Аз рӯйи нақли Шаҳбоз Фарҳоду модараш рӯздармиён бо ҳам суҳбат мекардаанд. Фарҳод дар мусофирӣ ба духтаре хонадор шуда, аз вай фарзанддор шудааст. Мақсадаш ба хона овардани он оҷиза, аммо Симинаро чӣ хел набошад аз хона пеш карданӣ будаанд. Ба мошин нишастану ду рӯз пас боз ба хонаи хушдоман овардани Шаҳбоз низ аз реҷаҳои «нестандарҷаҳон»-и Муҳаббатхолаи бенангу ор будааст. Ҳатто дар мошин нишастану суҳбатҳоро дар телефон сабт намуда, ба хушдоманаш партофтааст. Хушдоман онро ба Фарҳод фиристодааст. Шаҳбоз аз рӯйи виҷдон ин гапҳоро ба ҳамсинфаш гуфта, аз ӯ узр пурсид, Симинаи шӯрпешонӣ аз тақдираш менолиду оби дида мекард. Аммо ин нолиданҳо дигар нафъе надоштанд. Зеро акнун, ба қавле, дер шуда буд. Аз тарафи дигар худро хеле сабук ҳис намуд. Барои он ки гуноҳе надошт. Мехост ба тамоми олам дод занад:
– Ман гуноҳе надорам! Лаънат ба шумо барин афсунгарҳо. Ҳақиқат дар ҳама давру замон дастболост.
Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
вилояти Сурхондарё.