Баланд бардоштани сифати таълим яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ ба ҳисоб меравад. Барои баланд бардоштани сифати таълим муаллимон метавонанд аз ҳар гуна воситаҳои иттилоотӣ ва методӣ истифода баранд.
Дар мактаб яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим инкишофи муносибатҳои муштарак байни роҳбарони синф ва волидон мебошад. Мактаб на танҳо муассисаи таълиму тарбия, балки муҳити асосии инкишофи ҳаматарафаи хонандагон аст. Дар тарбияи хонанда иштироки на танҳо омӯзгор, балки волидон низ муҳим аст. Аз ин рӯ ҳамкории доимӣ ва самарабахши роҳбарони синф бо волидон гарави рушди бомуваффақияти хонанда мебошад.
Ҳамкории роҳбарони синф ва падару модарон маънои якҷоя муайян кардани такдири хонандаро дорад. Имрӯз таҳкими робита бо волидон бо истифода аз воситаҳои рақамӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Аммо дар айни замон дар ин соҳа баъзе муаммоҳо мавҷуданд. Чунончи, иштироки сусти волидайн дар ҳаёти мактаб, халалдор шудани мубодилаи иттилоот, эътимоди пасти ҳамдигар. Мутаассифона, бисёре аз волидайн аз ҳаёти мактаб берун мондаанд, ки ин ба мутобиқшавии иҷтимоӣ ва раванди таълимии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.
Тарбия на танҳо масъулияти мактаб ё оила аст, балки дар ин раванд иштироки фаъолонаи ҳар ду тарафро талаб мекунад. Аз ин рӯ, ин гуна хамкорӣ бояд доимӣ ва пай дар пай сурат гирад.
Бояд муносибати ҳамкориро бо роҳи ба мактаб ҷалб намудани падару модарон дар ҳар чоряк таҳти шиори «Як рӯз дар мактаб бо падару модарам», бо падару модарон ва хонандагон оид ба қоидаҳои дохили мактаб сӯҳбатҳо гузаронидан, бо падару модарони ҳар як синф дар мавзӯъҳои гуногун вохӯриҳо ташкил намудан, муҳити дӯстона ба вуҷуд овардан зарур аст.
Дар мактаби рақами 51-уми ноҳияи Шофиркон ҳамкорӣ бо падару модарон хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби барномаи «90 рӯзи зарбдор», ки дар таътили тобистона бояд иҷро гардад, баҳри ба маҳфилҳои мактабӣ ҷалб сохтани хонандагон волидон аз наздик кӯмак мерасонанд.
Инкишофи ҳамкории роҳбари синф ва падару модар на танҳо асоси дарс, балки тарбияи тамоми ҷомеа мебошад.
Ғанӣ Умуров,
муаллими мактаби рақами 51-уми ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.