Бори нахуст дар таърихи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои боксчиёни касбӣ дар саҳнаи тобистонаи амфитеатри шаҳри Самарқанд баргузор гардид.
Аз Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон муштзанҳо дар 13 вазн барои пирӯзӣ талош варзиданд. Хосатан баромади боксчии гаронвазн (145 кг) Эгамбердӣ Маҳкамови самарқандӣ диққату эътибори мухлисонро ба худ кашид. Дар раунди 7-ум ҳакам дасти соҳиби майдонро бардошт.
Инчунин, баромадҳои вакилони кишвари мо Файзулло Нарзуллоев, Акобир Мирзоев, Зафарҷон Ҳасанов низ ҷолиби диққат буд.
– Мақсад аз гузаронидани чунин мусобиқот пайдо кардани истеъдодҳои ноёб аст, – гуфт боксчии касбии Ӯзбекистон Шоҳҷаҳон Эргашев, – боиси хушнудист, ки солҳои охир бинобар сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон тамоми намудҳои варзиш, хосатан бокс ривоҷу равнақ меёбад. Далели раднопазир дар бозиҳои олимпии Париж – 2024 аз шоҳсуфаи баланд ҷой гирифтани муштзанҳои мамлакат аст.
Мусобиқот 4 соат тӯл кашида, ҳаводорони ин намуди варзиш аз баромади вакилони умедбахш таъбашон хушҳол гардид.
Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ва ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ супурданд.
Беҳтаринҳо минбаъд дар озмунҳои байналхалқии Русия ва Амрико ширкат меварзанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.