Музаффарияти гулдухтарони пораштӣ

Мардуми деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах на танҳо аз соҳибдилони бомаърифати хеш, имрӯз бо тими футболбоздухтарони мактабашон низ ифтихор доранд. Варзиш, бахусус минифутбол деҳаро шуҳрат бахшидааст.

Деҳаи Порашт рӯз то рӯз зебову обод мегардад. Дар назди мактаби рақами 13 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорбой Файзиев майдончаи минифутбол бунёд шуда, ба истифода дода мешавад. Бунёди майдончаи минифутбол шавқу ҳаваси толибилмон ва ҷавонони деҳаро ба варзиш афзун намуд.

Мегӯянд, ки:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Мураббии ҷавон, омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаб Дилмурод Шарипов дар таъсиси тими футболбоздухтарон саҳм гирифт. Омӯзгори ҷавон бо падару модарони толибилмон аз наздик суҳбат гузаронида, соли хониши 2023-2024 тими «Футболбоздухтарон»-ро таъсис дода, ният карда буд, ки иштироки тими футболи мактабро дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ таъмин намояд.

 – Шавқу ҳаваси духтаронро ба футбол бедор намудам. Маҳфили футбол таъсис додам, ки тамринҳо пас аз дарс мунтазам гузаронида мешуд, — мегӯяд Дилмурод Шарипов.

Мураббии ҷавон байни ҷавонони 16-30 солаи деҳа машғулиятҳо гузаронида, мусобиқаҳо ташкил мекунад.

Барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ХБД аз толибилмони синфҳои 10-11 дастаи мини футболи духтаронро ташкил кард. Тамринҳо аз духтарон шуҷоату заҳмати зиёдро талаб мекард. Духтарони пораштӣ соли аввали фаъолият дар даври ноҳиявӣ чор тими секторҳоро мағлуб намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар зинаи гурӯҳӣ ба тимҳои ноҳияҳои Зарбдор, Пахтакор ва Зомин ғолиб омада, ба чорякфинал роҳ ёфтанд. Дар ин зина бо футболбоздухтарони шаҳри Ҷиззах қувваозмоӣ намуда, ғолиб омаданд.

Бозии ниҳоии даври вилоятӣ бо тими пуртаҷриба ва ғолиби чандин мусобиқот – бо тими духтарони маҳаллаи Янгибӯстони ноҳияи Арнасой баргузор гардида, дар он арнасоиҳо пирӯз гардиданд. Духтарони пораштӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд. Бозӣ дар зинаи ниҳоӣ худ қаҳрамонӣ буд. Дарвозабони тими деҳаи Порашт Субҳидам Анорбоева беҳтарин дарвозабони вилояти Ҷиззах зътироф гардид.

– Мо аз мағлубият дар бозии ниҳоӣ дилмонда нашудаем. Баҳри ислоҳи камбудиҳо чун аҳли як оила камар бастем. Мақсад гузоштем, ки соли равон дар мусобиқаи Ҷоми ХБД ширкат варзида, ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирем. Аз ин рӯ, тамринҳоро боз ҳам муташаккилона гузаронидем. Ҳарчанд дар Порашт тамрингоҳи пӯшида надорем, дар фасли барфу борон, гармоҳои тобистон ҳам машқҳоро идома додем.

Мусобиқоти Ҷоми ХБД оғоз ёфт. Ба ҳайати тим 10 нафар беҳтаринҳоро интихоб намудем. Инҳо Паризод Амонова, Меҳринисо Абдуева, Субҳидам Анорбоева, Зуҳро Йӯлбарсова, Гулхан Қӯрғонова, Динора Зокирова, Дилноза Тӯймуродова, Фариштабону Ҳусанбоева, Рӯзигул Ҷумъабоева ва Гулсанам Ҳакимова мебошанд, — гуфт Дилмурод Шарипов.

Тими футболбоздухтарони Порашт дар ноҳия зинаи аввалро соҳиб шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Бозии ниҳоиро боз бо ҳамон дастаи пурзӯри маҳаллаи Янгибӯстони ноҳияи Арнасой гузарониданд ва бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада, ба мусобиқаи зинаи ҷумҳурӣ роҳхатро ба даст оварданд.

Ба мураббии ҷавон ва духтарони пораштӣ дар мусобиқаҳои минбаъда комёбиҳои беназир орзу дорем.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: