Ҷамъбасти панҷсолаи «Дафтари бонувон»

Дар шаҳри Намангон бо ҳамкории Кумитаи оила ва занону духтарони ҷумҳурӣ ва ҳокимияти вилоят бахшида ба ҷамъбасти панҷсолаи «Дафтари занон» таҳти мавзӯи «Аз иқтисодиёти мустақил то фаъоли ҷамъиятӣ» чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Тадбир дар «Маркази маърифат»-и шаҳри Намангон бо намоиши маҳсулоти ҳунармандии занон ва духтарони маҳаллӣ оғоз ёфт ва ба он бонувоне, ки ба рӯйхати «Дафтари занон» дохил шуда, имрӯз ба комёбиҳо ноил гаштаанд, даъват карда шуданд.

Дар тадбир ҳокими вилоят Ш. Абдураззоқов иштирок намуда, аз натиҷаҳои корҳое, ки дар 5 соли охир анҷом дода шудаанд, сухан кард.

Ҷонишини Сарвазир – раиси Кумитаи оила ва занону духтарон Зулайхо Маҳкамова дар баромади худ оиди фаъолияти пешқадамонаи занон ва духтарони намангонӣ сухан кард.

Дар конференсия фикру андешаҳои занони соҳибкор, ки тадбиркории худро ба роҳ монда, дар таъмини шуғли аҳолӣ саҳми муносиб гузошта истодаанд, шунида шуд.

Қаҳрамони Ӯзбекистон Ойшахон Қӯчқорова ва Халчахон Мирзоева, роҳбари корхонаи «Дилрабо СДА»-и ноҳия Тӯрақӯрғон, дорандаи ордени «Дӯстлик» Маъсудахон Содиқова аз таҷрибаҳои ҳаёти худ нақл карданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: