Ӯзбекистон дар солҳои истиқлолият роҳи тараққиёти озод ва соҳибихтиёрро интихоб кард ва ҳамчун як давлати мустақил, ки манфиатҳои миллӣ дар он афзалият доранд, ташаккул ёфт. Истиқлол ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро куллан тағйир дод. Муҳимтар аз ҳама, ҷиҳати қабули қарорҳое, ки ба тақдири шаҳрвандон марбутанд, татбиқи ислоҳоти дохилӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ ба истиқлолияти комил соҳиб шуд.
10 июл қарори Президент дар бораи омодагӣ ба таҷлили 34-умин солгарди Иди истиқлол қабул гардид. Мувофиқи он, таҳти шиори «Барои Ватан, барои миллат, барои халқ!» баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ муқаррар карда шуд. Ин ғоя бешубҳа барои таҳкими ҳамдигарфаҳмии давлат ва ҷамъият, боло бурдани ҳувияти миллӣ ва арзиши истиқлол хидмат хоҳад кард.
Бо қарор баргузории озмуну чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ чун «Модар-Ватан дар ҷилои рангҳо», «Барои Ватан зиндагӣ кунем!», «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», ки дар худ ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси ватанпарварӣ ва ифтихори миллии мардуми моро ифода мекунанд, муқаррар гардид. Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо, баробари таҷлили васеи ҷашн, барои масъулиятро дарк кардани ҳар як шахс ҷихати арҷ гузоштани истиқлол ва ҳифзи он нақши муҳим мебозад.
Дар арафаи ҷашн ташкил гардидани чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, анҷуманҳои илмӣ, шабҳои адабиву фарҳангӣ, рӯзҳои кинои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, иштироки фаъолонаи мардум дар онҳо, инчунин, ба таври сайри идона ва бо хурсандӣ истиқбол намудани он ба анъана табдил ёфтааст.
Дарҳақиқат, Истиқлол неъмати бебаҳо аст. Чун гавҳараки чашм ҳифз намудани он, махсусан дар шароити таҳдидҳои глобалӣ, ноустувории геосиёсӣ ва хавфҳои геоиқтисодӣ, ки ҳатто фардои худро пешгӯӣ намудан ғайриимкон аст, аҳамияти бузург дорад. Дар чунин шароит, истиқлол на танҳо бахт, балки масъулияти бузург низ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд худро ба сарнавишти мамлакат дахлдор эҳсос кунад ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошад. Ин кафолати ягонаи муҳофизати истиқлол ва ба наслҳои оянда бегазанд расонидани он мебошад.
Пас, дар ин раванд муносибати халқ, шаҳрвандони мо бояд чӣ гуна бошад?
Фикр мекунам, ки пеш аз ҳама, ҳар як инсон бояд худро барои рушди Ватан, пойдории истиқлол ва пешрафти миллат ҷавобгар ҳис кунад, эҳсоси дахлдорӣ боз ҳам пурзӯртар шавад. Инчунин, дарки арзиши истиқлол ва муносиби он ҳаёт ба сар бурдан муҳим аст. Ба чораҳои таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили насли ҷавон бояд таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Бахусус, ҳамчун бунёдкорони Ӯзбекистони Нав тарбия намудани ҷавонон, бозомӯзии дониш ва технологияҳои муосир ба онҳо, собитқадамона татбиқ намудани вазифаҳое, ки барои дастгирии ҷавонон нигаронида шудаанд, хеле муҳим мебошанд.
Дар ин роҳ, тамоми сохторҳои иҷтимоӣ — оила, маҳалла, муассисаҳои таълимӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, парлумон — ҳама бояд дар ҳамбастагӣ амал кунанд. Зеро ғояи истиқлол чароғи роҳнамои мардуми мост ва ҳеҷ кас дигар намехоҳад, ки дубора ба замони истибдод баргардад.
Ҳоло Ӯзбекистон ба роҳи бузурге ворид шудааст ва қафо барнамегардад, роҳи худро идома дода, боз ҳам пурзӯр ва пуриқтидор шуда, сӯи тараққиёт пеш меравад. Дар ин роҳ ба давлате табдил ёфт, ки барои рушди устувор ва дарёфти мақоми сазовор дар рақобати ҷаҳонӣ саъй дорад. Дар ин раванд бошад, якдилӣ, иштироки фаъол ва боварии мардум ба оянда омили асосӣ ба шумор меравад.
Азамат ПАРДАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.