Дар шаҳри Токио чорабинии фарҳангии «Ҳунари Ӯзбекистон: дарси маҳорат оид ба санъати кулолии риштонӣ» ва ҳамзамон намоишгоҳи асарҳои сафолӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар Маркази фарҳангии Туркия бо иштироки яке аз намояндагони барҷастаи мактаби кулолгарии Риштон — усто Бахтиёр Назиров баргузор шуд. Ӯ тайи чанд соли охир мунтазам дар фестивалҳои кулолгарӣ, ки дар Япония баргузор мегарданд, иштирок мекунад. Илова бар ин, дар солҳои 2021 ва 2022 дар галереяи Цукамотои шаҳри Машико намоишгоҳҳои шахсии худро баргузор кардааст.
Дар чорабинӣ сафири Ӯзбекистон дар Ҷопон Муҳсинхоҷа Абдураҳмонов, роҳбарияти Маркази фарҳангии Туркия ва наздик ба 60 шаҳрванди дохилӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.
Бахтиёр Назиров ба иштирокчиёни дарси маҳорат дар бораи таърихи ҳунари кулолгарии Риштон муфассал нақл кард. Аз ҷумла зикр намуд, ки кулолгарии Риштон яке аз қадимтарин ва маъруфтарин анъанаҳои ҳунармандии Ӯзбекистон буда, таърихи он ба ҳазорсолаҳо мерасад. Дар тӯли асрҳо устоҳои маҳаллӣ сабки вижаи керамикаро шакл додаанд, ки дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он баҳои баланд дорад.
Инчунин таъкид шуд, ки яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи кулолгарии риштонӣ рангу шеваи махсус ва технологияи нодири сирсозии он мебошад, ки ҳамчун ҳунари махфӣ насл ба насл интиқол меёбад. Рангҳо аз пигментҳои табиӣ омода мешаванд ва бештар сояҳои кабуд (кобалтӣ), сабз (зумрудӣ), сурх, қаҳвагӣ, сафед ва қаймоқӣ истифода мешаванд.
Усто Бахтиёр Назиров қайд кард, ки кулолгарони Риштон асарҳои тайёршударо бо «глазури ишқорӣ» мепӯшонанд, ки сатҳи дурахшон, равшан ва мустаҳкамро фароҳам меорад. Ин усул «сафоли ишқорӣ» ном дорад ва технологияи нодирест, ки маҳз ба Риштон хос мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз керамикаи риштонӣ бо арзиши баланди бадеӣ, маҳорати дастӣ, нақшу нигори нотакрор ва мукаммалии шаклҳо таваҷҷуҳи махсусро ҷалб мекунад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар Ӯзбекистон ба рушди ҳамаҷонибаи ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳифзи анъанаи «усто-шогирд» дар ноҳияи Риштон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Барои фароҳам овардани шароити мусоид соли 2021 Маркази байналмилалии ҳунари кулолгарӣ таъсис ёфтааст.
Ҳангоми дарси маҳорат иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки дар равандҳои наққошӣ ва ороиши керамика иштирок намоянд, бо техника ва унсурҳои нодири керамикаи риштонӣ аз наздик шинос шаванд.
Дарси маҳорат таваҷҷуҳи хосаи аудиторияи япониро ҷалб кард. Бисёриҳо аз ин таҷриба қаноатманд шуданд ва дарк намуданд, ки барои офаридани чунин асарҳо меҳнату маҳорати баланди ҳунарманд лозим аст. Дар поёни чорабинӣ иштирокчиён асарҳои худро ҳамчун туҳфа бо худ бурданд.
Яке аз меҳмонони намоишгоҳ Инаба Ҳиромӣ изҳор дошт, ки чанд сол қабл ба Ӯзбекистон сафар кардааст ва ба фарҳангу анъанаҳои кишвари мо, хусусан керамикаи кабуди Риштон, таваҷҷуҳи зиёд дорад. Пас аз огоҳ шудан аз намоишгоҳи Бахтиёр Назиров дар Токио, фурсати боз дидани ин ҳунарро аз даст надодааст.
АИ «Дунё»,
ш. Токио